Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
16 апр 09:37АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Маърифат ва тандурустӣ / Сохтмон ва меъморӣ
НОҲИЯЕ, КИ АЗ ФАЙЗИ ҚУДУМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ШУКУФТАН ДОРАД
Ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ, 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Мардуми сарбаланду шарафманди ноҳия дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шукуфоии кишвар саъю талош намуда, ба комёбиҳои зиёд ноил гардиданд.
Бино ба иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сайдалӣ Маҳмуродов то ин ҷашни фархунда бунёду таъмири 315 иншооти гуногунтаъинот, аз қабили бунёду навсозии муассисаҳои иҷтимоӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз аллакай 240-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки дар онҳо садҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд. Дар зиёда аз 80 иншооти дигар корҳои бунёдкорӣ ҷараён дошта, дар 12 бинову иншоот корҳои сохтмонӣ рӯзҳои наздик оғоз хоҳанд шуд.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи хуҷастапай доир гардид, дар ноҳия бо иштироки Пешвои муаззами миллат якчанд иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бинои се ошёнаи Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз”, ки онро сокинони ватандӯсти ноҳия – оилаи Абдуллозодаҳо бунёд кардаанд аз толори фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, намоиш ва фурӯши сарулибос ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва корхонаи дӯзандагӣ иборат мебошад. Танҳо дар корхонаи дӯзандагии ин маҷмаа 200 нафар занону ҷавондухтарон бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти “Навобод” бинои чорошёнаи муосири Маркази ташхисию табобатии “Исмоил”, ки аз ҷониби ҶДММ “Ғолибҷон Холов” бунёд гардид, ба истифода дода шуд. Дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ тамоми шароит барои фаъолияти кормандон фароҳам оварда шудааст. Инчунин дар ин марказ корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббӣ ба фаъолият шурўъ кардааст, ки иқтидори истеҳсоли солонааш зиёда аз як миллион баста докаи тиббӣ мебошад.
Ҳамчунин бо иштироки Роҳбари давлат дар ноҳия Корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир семент”, ки иқтидори солонааш 600 ҳазор тонна сементи аълосифат мебошад, ба истифода дода шуд. Корхона аз лиҳози логистикӣ дар мавзеи мувофиқ бунёд шуда, қисми бештари сементи истеҳсолшуда ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот мешавад.
Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Санавбар” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин муассисаи томактабӣ аз ҷониби оилаи Саидзодаҳо бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
-Инчунин бо иштироки Пешвои муаззами миллат Маркази хизматрасонӣ бо тарабхонаи “Замира” ва меҳмонхона, майдончаи варзишии болопӯшида, гармхона бинои чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки дар онҳо сокинони зиёди маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд, - гуфт Сайдалӣ Маҳмуродов.
Аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иттилоъ доданд, ки шумораи зиёди иншооти ҷашнӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ бунёд шудаанд, ки дар ин росто саҳми онҳо хеле бориз аст.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Юсуфзода Абдулло аз дастгирии пайвастаи соҳибкорони маҳаллӣ хушнуд буда, зимни суҳбат гуфт, ки соҳибкорон дар марказ ва ҷамоату деҳоти дурдасти ноҳия мекўшанд иншооте бунёд намоянд, ки насли наврас дар шароити хуби таълиму тадрис ба воя расанд. Аз ҷумла, бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Саидов дар Ҷамоати деҳоти “Ҳалевард” муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ, ки аз 8 ҳуҷраи таълимӣ, толори фарҳангӣ ва ошхона иборат мебошад, барои фарогирии 200 кӯдак сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамзамон дар ҳамин ҷамоат чор синфхонаи иловагӣ бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар назди муассисаи таълимии №4 бунёд гардида, боз дар чор синфхонаи дигар корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.
Барои беҳтар шудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар ноҳия ба соҳаи тандурустӣ низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Ниёзмаҳмад Қурбонов зимни суҳбат қайд кард, ки бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки рушди Олмон дар шафати беморхонаи марказӣ сохтмони бинои ду ошёнаи Маркази перинаталӣ бомаром идома дорад. Корҳои сохтмонӣ соли 2019 оғоз гадида, бояд моҳи ноябри соли ҷорӣ ба анҷом расанд. Марказ барои 85 кат бунёд шуда, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Имрӯзҳо ҳар нафаре, ки вориди ин ноҳия мегардад, дигаргуниҳо ва пешрафту шукуфоии ин гӯшаи диёрро беихтиёр мушоҳида мекунад. Мардуми заҳматпешаву заҳматқарини ноҳия ин ҳамаро аз шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки он ҳама дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сари вақт амалӣ созанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ
120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони беморхонаи Кӯлоб барқарор карда шуд