Бойгонӣ

ХАТЛОН – ДИЁРИ САЙЁҲӢ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намуда, бо таваҷҷуҳи хоса ба рушди ин соҳа заминаҳои заруриро фароҳам меорад.Дар бештар кишварҳо туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.
Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода намудани кадрҳои болаёқат соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи вилоят шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис дода шудааст.
Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои васеи сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа ва бо дарназардошти захираҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангии кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуда, соли 2018 - ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд, ки барои рушди ин соҳа як сол басанда набуд, бинобар ин Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуд, ки ин иқдом дар рушду ривоҷи соҳа такони ҷиддӣ бахшида истодааст.
Бинобар маълумотҳои расмӣ айни ҳол дар қаламрави вилояти Хатлон 931 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ арзи вуҷуд дорад, ки аз онҳо 721 адад ёдгориҳои бостонӣ, 124 адад ёдгориҳои меъморӣ ва 86 адад ёдгориҳои монументалиро ташкил медиҳанд. Боиси қайд аст, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии вилоят аз қабили қалъаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии “Аҷинатеппа”-и ноҳияи Вахш, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи Шаҳритус, шаҳраки “Тахти Сангин”-и ноҳияи Қубодиён ба Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст, ки ҳамасола сайёҳони зиёде аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд. Дар доираи тадбирҳои андешидашудаи солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳолати инфрасохтори соҳа низ ба тадриҷ рушду нумўъ ёфта истода, дар ҳудуди вилоят 109 адад меҳмонхона, 133 адад мавзеъҳои сайёҳӣ, 138 адад истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 132 адад тарабхона, 42 адад осорхонаҳо, 79 адад чойхона, 276 адад банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 59 адад ҳомстей ва гестхаусҳо,  80 адад мағозаи фурӯши армуғонҳо, 116 адад зиёратгоҳҳо ва 44 адад боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ мавҷуданд, ки ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Баъди таъсисёбии шуъбаи рушди сайёҳӣ дар вилояти Хатлон аз ҷониби мутахассисони шуъба сомонаи алоҳидаи сайёҳии вилоят www.Sayohikhatlon.tj бо се забон омода гардида, мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар баробари таъсиси сомонаи расмии сайёҳии вилоят, инчунин саҳифаҳои сайёҳӣ дар шабакаҳои Фейсбук ва Ютуб низ роҳандозӣ гардида, маълумоти алоқаманд ба ин соҳа дар онҳо нашр карда мешаванд. Инчунин, аз тарафи мутахассисони шуъба барномаи мобилии “Роҳнамо барои сайёҳон” бо маълумоти пурраи вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, ширкатҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ, таърихию фарҳангӣ бо замимаи аксҳо омода гардидааст, ки сайёҳон метавонанд ҳангоми набудани роҳбаладон дар мавзеъҳои сайёҳӣ аз ин маълумот истифода баранд. 
Ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилоят дар маркази вилоят шаҳри Бохтар ва дар гузаргоҳҳои сарҳадии “Панҷи поён”- и ноҳияи Ҷайҳун, “Айвоҷ”-и ноҳияи Шаҳритус, фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва дар қисман шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар умум 27 Марказ ва нуқтаҳои иттилоотии сайёҳӣ таъсис дода шудааст. 
Агар то соли 2017 дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 4 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекард, пас давоми солҳои 2018 – 2020 шумораи онҳо ба  19 адад расидаанд. Аз ҷумла, ҶДММ «Ориёӣ» дар шаҳри Кӯлоб, ҶДММ “Истироҳатгоҳи Пули Сангин” дар шаҳри Норак, ҶДММ “Сайёҳ асри 21”, ТҶ “Сайри ҷаҳон”, ҶДММ “Хатлон Сайёҳат” дар шаҳри Бохтар, ҶДММ «Сари Хосор тревел», ҶДММ “Экспедитсияи Осиёи Марказӣ” дар ноҳияи Балҷувон, ҶДММ «Морхӯр», ҶДММ “Нодир Тур”, ТҶ “Муҳофиз”, ҶДММ “Сайди Тагноб”, ҶДММ “М.Бухорӣ”, ҶДММ “Сафари Даштиҷум”, ҶДММ “Шоҳин - М” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҶДММ “Хуталон” дар  ноҳияи Данғара, ҶДММ “Ховалинг Фрилэнд Эдвенчер”,  ҶДММ “Сайри мунк” дар ноҳияи Ховалинг ва ҶДММ “Сайёҳи дуоб”, ҶДММ “Сайёҳи Чилдухтарон”, ки дар ноҳияи Муъминобод фаъолият доранд. 
Яке аз масъалаҳои муҳим ҷиҳати ноил шудан ба рушди соҳа ин омода намудани мутахассисони баландихтисос мебошад, ки имрӯз дар 4 муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Данѓара ва Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти иноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб мутахассисони соҳа аз рӯи ихтисосҳои сайёҳат ва меҳмоннавозӣ, географияи сайёҳӣ, менеҷменти сайёҳат, иқтисод ва идораи сайёҳӣ омода карда мешаванд.
Бо мақсади баррасӣ намудани масъалаҳои рушди соҳаи сайёҳии вилоят, мусоидат намудан ба пайвастагии бештари бахши хусусӣ бо донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ ҳамасола конфронсҳо, семинар - машваратҳо, мизҳои мудаввар баргузор гардида, барои рушди сайёҳати дохилӣ бошад, сайёҳатҳои наврасону ҷавонон ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил карда мешавад.  

Шоҳзода Дилшод - мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019