Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДӮСТӢ: ОБОДОНӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД
Имрӯзҳо мардуми заҳматкаши ноҳияи Дӯстӣ тамоми иродаву матонати хешро баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, таҳкими сулҳу субот ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ободиву пешрафти ин диёри файзбор дастаҷамъона саъю талош доранд.
Ба гуфтаи сармеъмори ноҳия Ҷӯрабек Идибекзода бо наздик шудани ҷашни бошукӯҳи миллӣ кулли кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорону сокинони ободкор ба ҳам омада, дар якҷоягӣ корҳои сазандагиро вусъат дода истодаанд.
- Аз 191 биною иншооти ба нақша гирифташуда, то ба имрӯз 153 тоаш сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки дар қомат афрохтани онҳо саҳми соҳибкорони ватанпарвар ниҳоят бузург аст, - мегӯяд сармеъмори ноҳияи Дӯстӣ.
Ин равандро метавон дар мисоли Ҷамоати деҳоти Гардӣ Гулмуродов баён намуд, ки то ба имрӯз дар ин маҳали 18 ҳазор нафараи аҳолинишин ҳаммоми ҷамъиятӣ ва кӯдакистон мавҷуд набуд. Аммо бо шарофати 30-солагии Истиқлолияи давлатӣ ва эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соҳибкорони ноҳия иншооти номбурдаро бунёд намуда истодаанд, ки дар наздиктарин фурсат ба истифода дода мешавад.

-Бар замми 15 адад иншооти нақшавӣ, ки ҳамаашон аҳамияти ҷамъиятӣ доранд бо ибтикори сокинони ташаббускор бунёди иморати дигари иҷтимоӣ низ илова гардидааст, ки иборат аз китобхонаҳои оммавию деҳотӣ, пулу роҳҳои миёни маҳаллаҳо, мағозаи маҳлусоти ниёзи аввал, сардхона барои захираи маҳсулоти ғизоӣ, нуқтаи таъмири нақлиёт, кошонаи ҳусну сартарошхона ва дигар марказҳои хизматрасонӣ мебошанд, - иттилоъ дод раиси ҷамоат Мирзо Шомуродов.
Дар ҷараёни ин бунёдкориҳо ба беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати донишомӯзии хонандагон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар назди муассисаҳои таълимӣ, 20 синфхонаи иловагӣ сохта шуд ва ҳоло дар 36 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дорад. Ғайр аз ин тибқи иттилоъ ду муассисаи таълимӣ яке ибтидоӣ, дигаре миёнаи асосӣ ва се боғчаи бачагона бо саҳми намоёни соҳибкорон сохта шудаанд.
Раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол дар нишасти матбуотии худ зикр намуд, ки тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳо тамоми талоши худро баҳри дар ҳар як маҳалла, деҳа ва ҷамоат фароҳам сохтани шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолӣ равона сохта, шурӯъ аз мактабу бунгоҳи тиббӣ то маркази хизматрасонию мағоза ва ҳаммому сартарошхона бунёд намуда истодаанд.
- Сокинони бо нангу номус ва ватандӯст низ дар навбати худ ҳамчун фарзандони ин диёр дар ободу зебо гардидани хонаю ошён, кӯчаю маҳалла ва деҳаҳо саъй намуда истодаанд, то ин ки дар раванди бо суръати тадбирҳои созандагӣ саҳмгузор бошанд, - идома дод раиси ноҳия.

Ҳоло сохтмончиён аз рӯи лоиҳаи муосири меъморӣ ва мувофиқ ба талаботи замон ба сохтусози бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия идораи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Дӯстӣ, таъмиру азнавсозии Қасри фарҳанг, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия ва сутунпояи Парчами давлатӣ машғуланд.
Баҳри сарсабзу хуррам гардонидани саҳни биною иншооти тозабунёд аллакай дарахтони нодири сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шудааст, ки муҳити атрофро тароват мебахшанд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандондони ташкилоту муассисаҳо ва дар маҷмӯъ сокинони ноҳияи Дӯстӣ ин ҳама пешравиро натиҷаи сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
Зеро бо беҳтар гардидани инфрасохтори ноҳия ва бунёд ёфтани даҳҳо адад иншооту корхонаҳои хурду миёна, некуаҳволии мардум ба маротиб боло рафта, ба бошандагон шароити хуби маданию маишӣ муҳайё шуда истодааст, ки он мояи сарфарозии онҳо гардидааст.
Амонулло БАХТИЁРЗОДАДобавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад