Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳидоятҳои Сарвари давлат ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳанд
Соли 2020 бо рӯйдодҳои хотирмон барои молиячиёни вилояти Хатлон соли воқеан ҳам таърихӣ боқӣ мемонад. Бо вуҷуди хуруҷи бемории коронавирус ва душвориҳои зиёд онҳо ин солро назаррас ҷамъбаст намуданд. Вобаста ба бурду бохт ва нақшаи кории Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар соли 2021 суҳбате анҷом додем бо сардори он Назарзода Бахтиёр, ки фишурдаи онро пешкаши Шумо мекунем.
-Соли 2020-ро чӣ гуна ҷамъбаст намудед?
-Пешрафти молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такони тоза пайдо кард. Марҳила ба марҳила расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат роҳи моро барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои некамон наздик намуд.
Соли гузашта нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ аз рӯи контенгенти умумӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 103 дарсад таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 1218,5 миллион сомонӣ 1256,2 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 37,7 миллион сомонӣ бештар аст. Дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои буҷетӣ дар сатҳи 100 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо ба 347,8 миллион сомонӣ баробар гардид.
Хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷети маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии вилоят бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз буҷети вилоят 1 миллиарду 869 миллион сомонӣ равона шудааст. Дар маҷмӯъ соли гузашта 1 миллиарду 584 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва варзиш ихтисос дода шуданд. Бояд қайд кард, ки соли 2020 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 477,9 миллион сомонӣ ё ин ки 98 фоиз ва аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 90,7 миллион сомонӣ ё 78 дарсад, дар маҷмӯъ 568,6 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет 1 миллиарду 571 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои музди меҳнат 1251 миллион сомонӣ, фонди ҳифзи иҷтимоӣ 281 миллион сомонӣ, идрорпулӣ 2,7 миллион сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо 9,6 миллион сомонӣ ва барои пардохтҳои хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 27 миллион сомонӣ равона карда шуд.
-Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус COVID-19 аз ҳисоби буҷети вилоят ва ҷумҳурӣ чӣ қадар маблағ ҷудо гардид?
-Дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон бо мақсади дастгирию ёрӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ, тақвияти тадбирҳои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ, муолиҷаи саривақтии беморон ва ёрӣ ба оилаҳои ниёзманд аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ 14,1 миллион сомонӣ ва ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 7,7 миллион сомонӣ ихтисос дода шуд.
-Дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон маркази бозомӯзӣ фаъолият дорад. Вобаста ба ин марказ мехостам назари Шуморо фаҳмам.
-Бале дуруст қайд кардед. Чунин марказ дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон фаъолият дорад. Аллакай наздики 270 муҳосиб ва иқтисодчӣ оид ба ҳисобдории муҳосибӣ тариқи равзанаи ягонаи электронӣ аз рӯи барнома ба омӯзиш фаро гирифта шуда, 176 нафари он соҳиби сертификат шуданд.
-Буҷети вилояти Хатлон барои соли 2021 дар ҳаҷми чӣ қадар маблағ қабул шудааст?
Ҳанӯз 18-уми ноябри соли 2020 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021”-ро қабул намуд. Он аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми ноябри соли 2020 таҳти №1724 ба имзо расид. Бояд қайд кард, ки нишондиҳандаҳои буҷет бо дарназардошти имкониятҳои тактикии мавҷудаи сарчашмаҳои андозӣ ташаккул ёфтааст ва иҷрошаванда мебошанд. Танҳо моро зарур аст, ки баҳри иҷрои вазифаю уҳдадориҳои худ масъулиятро аз ҳарвақта дида бештар ҳис кунем ва кори худро мутобиқ ба талаботи рӯз ба роҳ монем. Буҷети вилояти Хатлон дар соли 2021 ба маблағи 2 миллиарду 97 миллион сомонӣ қабул шудааст, ки мақсаднок истифода кардани он мароми ҳар як корманди молия ба ҳисоб меравад.
Масъулини Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомотҳои дахлдори вилоят корро тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки он ҳама дастуру супоришҳоро сари вақт анҷом дода аз ҳарвақта дида бештару беҳтар фоъолият намоянд.
-Ташаккур барои як суҳбати хубу самимӣ.
-Саломат бошед.
Мусоҳиб Сулаймон СУЛТОНОВ Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



