Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СОҲИБКОР МАКТАБ БУНЁД КАРД
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни пурифтихори миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори роҳбари хоҷагии ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ Бекмурод Холов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ба номи Ҷумъагелдӣ Ҷумъақулов мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ иттилоъ доданд, сохтмони мактаб дар муддати 8 моҳ ба охир расида, дар он 800 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Дар мактаби нав 260 нафар хонанда дар як баст ба таълим фаро гирифта мешаванд. Дар рафти бундёди мактаби мазкур 28 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Ҳамчунин аз ҷониби маъмурияти хоҷагии ба номи Эргаш Султонов ба муассиса мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ ва дигар лавозимоти хониш тақдим карда шуд.
Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар маросими ифтитоҳи муассиса раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок карда, бо шароити таҳсил ва сифати таълими хонандагон шинос шудааст.
Инчунин Қурбон Ҳакимзода ба роҳбари хоҷагии ба номи Эргаш Султонов барои ин иқдоми некаш сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро тақдим кардааст.

Бояд қайд кард, ки бинои пештараи муассиса соли 1936 бунёд шуда, садамавӣ гардида буд. Хонандагон аз набудани мактаб масофаи ду километр роҳро тай карда, барои иштирок дар дарсҳо ба мактаби №7 мерафтанд.
Бошандагони деҳаи Ғалабаи Ҷамоати деҳоти “Ҷиликӯл” аз иқдоми роҳбарияти хоҷагии ба номи Эргаш Султонов хушнуд гашта, миннатдории хешро баён карданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



