Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Паём-роҳнамои хирадмандию рушноии ҷомеа
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат низ нисбати рушди бемайлони соҳаи энергетика ва мавқеи он дар амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон-саноатикунонии босуръати кишвар ва бо ҳамин мақсад таълим, тарбия ва омода сохтани кадрҳои лаёқатманди сатҳи байналмилалӣ барои ин соҳа, изҳори ақида намуда, дастуру ҳидоят доданд. Далели ин гуфтаҳо рушди бемайлони энергетикаи Тоҷикистон дар 10-15 соли охир, таъмиру тармим ва сохтмони хатҳои пуриқтидори барқ, неругоҳҳои калону миёна ва хурд, аз ҷумла, НБО-и Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, тармими НОБ-и Норак, Сарбанд, Қайроқум ва албатта ба истифода дода шудани ду агрегати НБО-и Роғун, хатҳои баландшиддати “Ҷануб-Шимол”, “Лолазор-Хатлон” ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.
Бо шарофати сиёсати бузурги иҷтимоиву иқтисодии Пешвои муаззами миллат дар солҳои соҳибистиқлолии Ватан, бахусус дар 10-15 соли охир, дар кишвари мо иқтидорҳои энергетикӣ бо суръат афзуда истода, дар миқёси минтақаву ҷаҳон обрӯву эътибори Тоҷикистонро ҳамчун давлати саноатии содиркунандаи неруи барқ, ба маротиб баланд гашта истодааст.
Пайваста амалӣ гардидани иқдомҳои созандагию бундёкоронаи Пешвои миллат дар самти беҳтаргардонии ҳолати экологии муҳити зистро мо дар ҷаҳду талошҳои Президенти маҳбуби худ, аз ҷумла, дар ба кор даровардани ду агрегати НОБ-и Роғун, ба истифода дода шудани як қатор неругоҳҳои хурди барқи обӣ, аз ҷумла НБО-и хурди “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мурғоб, амалишавии лоиҳаи байналмилалии хати интиқоли барқи “Осиёи Миёна-Осиёи Ҷанубӣ-1000”( ОМОҶ-1000 ё CASA-1000), тармиму таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаи барқи обии Норак, Сарбанд, Қайроқум ва дигарҳоро баръало мушоҳида менамоем.
Аз оғози фаъолияти худ то айни ҳол Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бештар аз 3240 мутахассисони болаёқати соҳаи барқро таълиму тарбия додааст, ки дар корхонаву муассисаҳои кишвар ва хориҷи он муваффақона меҳнат карда истодаанд ва ин боиси ифтихору сарфарозии коллективи донишкада мебошад. Имрӯз хатмкунандагони Донишкадаи мазкур дар корхонаҳои хурду бузург, аз ҷумла, бузургтарин иншооти энергетикии Тоҷикистон: НБО Роғун, Норак, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва Сарбанду Бойғозӣ бо сари баланд донишҳои худро дар амал татбиқ месозанд.
Бо кумаку дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба маркази аз ҷиҳати илмӣ омодасозии омӯзгорони ҷавон табдил гардидааст. Дар ин муассисаи олӣ барои таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи барқ зиёда аз 100 нафар омӯзгорони варзида, аз ҷумла, номзадҳо ва докторони илм фаъолият доранд.
Ҳамчунин, бо мақсади ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорон ҳамасола дар донишкада ташкил ва баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба нақша гирифта шудааст.
Эътибори аввалиндараҷа додан ба сифати таълим, тарбияи кадрҳо, хубтар ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи иттиллоотӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникӣ, озмоишгоҳӣ ва кадрии донишкада, ҷалб ва зиёд намудани шумораи ҷавонон дар зинаи аспирантура, вусъат бахшидани корҳои илмиву тадқиқотӣ, амалӣ намудани чораҳои мушаххас ҷиҳати соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, ки дар донишкада ба таҳсил фаро гирифта шудааст, андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди забони давлатӣ ва дигар иқдомҳои муҳим дар назар аст.
Бо боварии комил метавонем гуфт, ки устодони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон аз уҳдаи вазифаҳои дар назди онҳо гузоштаи Пешвои муаззами миллат ва роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда, ҷиҳати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони беҳтарини соҳаи энергетика, бо сарбаландӣ мебароянд.
Исозода Диловаршоҳ Тариқ, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР



