Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАВРӮЗӢ
Наврӯзӣ
Пайки Наврӯз омаду ҳамдам шавем,
Фориғ аз дарду ғами олам шавем.
Дар набарди зиндагонӣ лаҳзае
Ҳамчу гул бишкуфтаву хуррам шавем.
Абрҳо боронфурӯшӣ мекунанд,
То ба барги зиндагӣ шабнам шавем.
Аз балоҳои замину осмон,
Чун сипар андар сари одам шавем.
Дар лабони мардуми хушбахти худ,
Боз чун лабханди дигар зам шавем.
Баски ин Наврӯз эҳёгар бувад ,
Хизри наврӯзии ин олам шавем.
Чу Наврӯз омад
Сабз ҳар кӯҳу даман гашт, чу Наврӯз омад,
Боз гул зеби чаман гашт, чу Наврӯз омад.
Мурғи илҳоми худодод ба гардун пар зад,
Сафҳа пуратри сухан гашт, чу Наврӯз омад.
Боз он ёр ҳавасбозу тарабҷӯ гардид,
Дили ӯ чун дили ман гашт,чу Наврӯз омад.
Ба тани духтари тоҷик чи хуш мезебад,
Дашт монанди чакан гашт, чу Наврӯз омад.
Хурсандмурод ФАҚИРОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57


