Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳақназар Ғоиб

Тақдими меҳр ба 30-солагии истиқлол
Банди ба банд гарчи ҷудо карда аз ҳамем,
Банди ба банд банди ҳаму ёру ҳамдамем.
Дар шаҳраги вуҷуд чу як хун ба ҳам шудем,
Яъне чу қатра нею чу Ҷайҳун ба ҳам шудем.
Чун як Сарез дар нигаҳи аҳли оламем,
Чун як Хазар шиноси ҳама насли одамем.
Мо бо ҳамем ҳамчу тану пову дастҳо,
Мо бо ҳамем бо ҳама банду шикастҳо.
Афсонае зи «буду набуд»-ем аз куҳан,
Чашмоқаки ҳазор сукутем аз куҳан.
Садасраҳо будем ба ҳам, боз бо ҳамем,
Садасрањҳ бо якдигарӣ ёру ҳамдамем.
Як анҷуман шудем кунун тоҷи дил ба сар,
Як ҷону тан шудем кунун тоҷи дил ба сар.
Бо якдигар чу нусхаи як Ҷам яке шудем,
Бо якдигар чу Ҳазрати Одам яке шудем.
Яъне Ватан ба ҷумла хасу хору ганҷи зар
Бар ҷамъи мост мӯътабар аз ҷумла мӯътабар…
…Мо мӯ ба мӯй, банди ба банд ориёием,
Бо сад ҳазор дафтари панд ориёием.
_________
Як анҷуман- ишора ба Анҷумани тоҷикони ҷаҳон, ки раисаш Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.
НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ
Наврӯз муборак ба ҳама мардуми ҳамдил,
Наврӯз муборак,
Наврӯзи ҷаҳонӣ,
Наврӯзи амонӣ.
Бошед ба ҳам якназару дӯсти ҷонӣ,
Бо шаҳдзабонӣ,
Бо шукри амонӣ.
Рӯед чу гул дар дили ҳам бо ғазали ишқ,
Оғӯш кушоед ба ҳам бо бағали ишқ.
Резед ба лабҳо зи муҳаббат асали ишқ,
Аз бодаи Ҷамшед ба ҳар як маҳали ишқ.
Наврӯз муборак!
Наврӯзи ҷаҳонӣ,
Наврӯзи амонӣ.
Бошед ба ҳам як назару дӯсти ҷонӣ,
Бо шаҳдзабонӣ,
Бо шукри амонӣ.
Наврӯз биёред ба дилҳо ба накӯӣ,
Оред нафасҳои хуш аз ҳандалабӯӣ,
Аз фалсафаи ошиқию покизарӯӣ,
Аз арши дилу манзалати мартабаҷӯӣ.
Наврӯз муборак!
Наврӯзи ҷаҳонӣ,
Наврӯзи амонӣ.
Бошед ба ҳам ҳамназару дӯсти ҷонӣ,
Бо шаҳдзабонӣ,
Бо шукри амонӣ.
Тоҷикӣ азон дод чу Наврӯз зи лабҳо,
Бояд зи раҳи меҳр шиносем насабҳо.
Чун сулҳу амонист дар ин базму тарабҳо,
Оҳанги амонӣ расад аз тори асабҳо.
Наврӯз муборак!
Наврӯзи ҷаҳонӣ,
Наврӯзи амонӣ.
Бошед ба ҳам якназару дӯсти ҷонӣ,
Бо шаҳдзабонӣ,
Бо шукри амонӣ.
УСТУРАҲОИ НАВРӮЗӢ:
Аз Сулаймон то ҷовидон
эҳдо ба Наврӯзи ҷаҳонӣ
Мешаванд устураҳо зинда,
Аз нигоҳи гарми наврӯзӣ,
Мешавад эҳё табиат
Бо чароғи лолаҳои худбахудсӯзе.
Бо чароғонии гулҳои худафрӯзе,
Мешаванд устураҳо зинда…
Ҳазрати Одам
Ба шайтон мезанад ханда,
Дар замин чун дона мепошад,
Донаи гандум,
Донаи Одам,
Мекунад Одам ба олам оламафрӯзӣ.
Мешаванд устураҳо зинда…
Аз кароматҳои розомези Яздонам…
Мекунад пайдо нигинашро Сулаймонам
Бо нафасҳои саодатбахши Наврӯзӣ.
Мешаванд устураҳо зинда…
Бар сари офоқ гардун мегузорад тоҷи Ҷамшедӣ.
Аз замин сӯи самои Ишқ
Даст ёзад панҷаи гулҳои хуршедӣ.
Мешаванд устураҳо зинда…
Мерасад оташ ба каф Зардушт,
Дар забонаш ояҳои Готҳою Яшт.
Ояҳо гул мефишонад дар талу
дар пуштаву гулгашт.
Бо фурӯғи нури яздонӣ расад марғуб:
Равшанӣ дар сина аз пиндори хуб,
кирдори хуб,
гуфтори хуб.
Мешаванд устураҳо зинда…
Аз нигоҳи поки раббонӣ,
Нашъаи пайғамбарӣ гул мекунад дар
рӯзи Наврӯзӣ,
Дар замини Ишқу хуни гарми инсонӣ.
Бар Расули Акрам, он Хуршед,
Аз ҳавои лоязолии шарафмандӣ
Мерасад ваҳйи Худовандӣ,
Аз ҳазорон ҳалқа-ҳалқа вақти пайвандӣ.
Аз дили инсон ба дини сабз барсабзад
Сабзаҳои сабзи Наврӯзӣ,
Бо фурӯғи риштаҳои сабз андар сабзи гулдӯзӣ…
Аз замини Ишқ
Донаҳои эътиқоди тоза мерӯянд.
Чашмҳои ташнаи умед,
Чашмҳои ташнаоби чашмаи Хуршед
Рӯй ба Шери Худо оварда мегӯянд:
Ё Муҳаммад!
Ё Алӣ!
Ё Сайф!
Ё Зулфиқор!
Ҳар балое,
Ҳар қазое пеш ояд,
Дафъ кун Парвардигор…
Мешаванд устураҳо зинда…
Дар ҷамоли тоҷикии Тоҷикистон,
Дар нигоҳи форсии Шарқи хандон,
Бо бузургиҳои рӯҳи Оли Сомон.
Бо садои Орашии тири Наврӯз,
Бо ҳавои нарми оламгири Наврӯз
Пайки Наврӯзи ҷаҳонӣ
Дар ҳама дунё шукуфонад нигоҳи дӯстгонӣ.
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
ДАР ШАШ МОҲ 18 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУДААСТ
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БУНЁДИ 21 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ҚИССАИ ЯК ЗИНДАГИИ СОДИҚОНА
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»