Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Мансабдорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Давоми соли гузашта 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бекор карда шудааст, ки 85 фоизи онҳо ба масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин тааллуқ дорад. Аз ҳама зиёд қарорҳои раиси ноҳияи Шаҳритус, ки 69 ададро дар бар мегирад, бекор карда шудааст.
Тавре аз Прокуратураи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин соли гузашта 116 санҷиш оид ба бартарафсозии қонунвайронкуниҳо гузаронида шуда, 3711 санадҳои прокурорӣ бароварда шуд. Бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 2092 нафар ба ҷавобгариҳои моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Ҳамчунин, ба 445 санади ғайриқонунии шахсони мансабдор эътироз оварда шуда, онҳо қонеъ карда шуданд. Инчунин, барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо 391 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нисбат ба 112 нафар шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ оғоз гардидааст.
Қобили қайд аст, ки шумораи умумии санадҳои эътиноӣ нисбат ба соли 2019-ум 1155 адад ё 45 фоиз ва парвандаҳои ҷиноятӣ 81 адад ё 26 фисад зиёд мебошад.
Бино ба иттилои ёрдамчии прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддин дар натиҷаи як санҷиши гурӯҳи кории Прокуратураи вилоят дар ноҳияи Ёвон зиёда аз 300 лаҳзаи ғайриқонунӣ ҷудо намудани замин, сохтакории хизматӣ, аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани заминҳо ва суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва идораи Кумитаи замини ноҳия ошкор карда шудааст. Дар натиҷа нисбат ба 12 нафар шахсони мансабдор парвандаҳои ҷоноятӣ оғоз карда шудааст, ки қисме аз онҳо аллакай ба суд ирсол гардидааст. Қисмати дигар дар арафаи анҷомёбии тафтиши пешакӣ қарор доранд.
Соли 2020 бо санадҳои эътиноии прокурорӣ масоҳати 4120 гектар қитъаҳои замини худсарона забтшуда ва ғайриқонунӣ тақсимгашта ба ҳолати аввала бар гардонида шуданд, ки нисбат ба соли 2019-ум 925 гектар зиёд мебошад.
Сулаймон Султонов
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



