Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЭҲДО БА ХОНУМҲО
Ҳусни зебои замин аз партави рӯи шумо,
Накҳату бӯи чаман аз ҷаъди гесуи шумо.
Хонақои дил мунаввар аз малоҳатҳоятон,
Лафзу ҳарфи модарӣ пайдо зи сарҷӯи шумо.
Хислати шамшери ҳиндӣ ҷонситонӣ гуштааст,
Ҷонфизоӣ шеваи шамшери абрӯи шумо.
Зиндагӣ аз ҷунбиши гаҳвораҳо сар мешавад,
Аз сари гаҳвораи тифлони гулбӯи шумо.
Озару Монӣ нагашта воқифи асроратон,
Бар хироҷи мулк арзад қадди дилҷӯи шумо.
Сад ҳазорон Сомирӣ натвон кунад эъҷозатон,
Он ки бо мо мекунад чашмони ҷодуи шумо.
Аз дуои дасти хайри зан баландахтар шудем,
Ахтари шеъри Баёзӣ ҳам дуогӯи шумо.
Баёзӣ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



