Бойгонӣ

ШОШО

- Баҳманёр -


Сари китфони ӯ ду ситора буд. Гоҳе яке аз онҳо нишемани худро тарк мекард, фосилае пеш мерафт, сурати чашми зиндаро мегирифт ва чашмак мезад, ки биё, биё ва Шошо пеш мерафт, ситора ҳам пеш мерафт, Шошо боз меистод, ситора низ боз меистод ва сурати чашми зиндаро мегирифт ва чашмак мезад, ки биё, биё ва Шошо аз думболаш мерафт...

Ситора деҳро давр мезад, Шошо низ деҳро давр мезад, ситора фарозро боло мешуд, Шошо низ фарозро боло мешуд, ситора бо пайроҳаву бероҳа мерафт, Шошо низ бо пайроҳаву бероҳа мерафт, ситора бо пайроҳаву бероҳа поён мефаромад, Шошо низ бо пайроҳаву бероҳа поён мефаромад, ситора гирди хонаи бобои Ҷовид ё хонаи модари Шошо давр мегашт, Шошо низ гирди ин хонаҳо давр мегашт...

Билохир ситора монда мешуд, на Шошо. Тан медод ситора ба радифи худу омада дар нишемангоҳи хеш маъво мегирифт ва Шошо низ каме сафо мегирифт...

Номи вай Шодмоншо буду дар деҳ ҳама Шошо мегуфтанд, вай намеранҷид.

Зеро Шошо мардуми деҳро сахт бемору худро духтур медонист.

Вақте ки модарон фарзандони гирёни худро ором карданӣ шуда: ором шав, Шошо меояд, мегуфтанд вай бо як таассуф ба онҳо менигарист.

Вақте, ки хоҳарон додарчаҳои беиштиҳои худро таҳдидкунон: хӯрокатро хӯр, вагарна Шошо омада пок-покиза мехӯрад, мегуфтанд, вай бо як таассуф ба онҳо менигарист.

Вақте ки муаллимон хонандагони сустхонро танбеҳ дода: ақли ту чун ақли Шошо нест, мегуфтанд, вай бо як таассуф ба онҳо менигарист.

Аммо намеранҷид.

Чунон ки ошиқ аз ситезаи маъшуқ намеранҷад, чунон ки духтур аз нозу нузи беморон намеранҷад, чунон ки шубон аз маоси беҳудаи гӯсфандон намеранҷад.

Шошои «духтур» дар деҳ мегашту ба мардум санҷида назар мекард: мабодо, марази касе хуруҷ кунад!

Дар ин гуна ҳолатҳо бачагон ба вай хира мешуданд.

– Шошо, – мегуфт яке, – сарам дард мекунад.

Шошо ҷиддан ба муоинаи сари «бемор» машғул мешуд. Сари «дардмандро» даст-даст карда медид, нарм-нармак мемолид. Чунон нарм-нармак мемолид, ки писарак тоқат наоварда, қоҳ-қоҳ механдид.

– Ханда нишони солимист, сиҳат шудӣ, – шод мегашт Шошо.

Аммо бачагон ӯро ба ҳолаш намемонданд.

– Шошо, дар қафаси синаам чизе меҷунбад, – шикоят мекард дуюм.

– Шошо, даруни рагҳоям чизе ҷорист, – воҳима мекард сеюм.

– Шошо, сари китфонам ситорае пайдо шудааст, – китфонашро хам мекард чаҳорум.

Пас аз ин гап Шошо меранҷид, сахт меранҷид. Бачаҳо инро зуд пай мебурданд ва қийю чувкунон пароканда мешуданд. Зеро ба Шошо ҳолати ғарибе рух медод. Ранги рӯяш меканд, лабонаш пир-пир мепариданд, чашмонаш васеътар мешуданд, танаш меларзид, нуқтаеро болои сар омоҷ гирифта равон мешуд.

Бачаҳо худро ба ҳар гӯшаи деҳ мезаданду овоза мекарданд.

– Шошоро дардаш гирифт!

– Шошоро дардаш гирифт!

Аз куҷое модари Шошо меомад дав-давон, Шошоро хона мебурд зоракунон.

Баъди ин рӯзе чанд касе Шошоро дар деҳ намедид.

– Шошо чилла нишаст, – шӯхӣ мекарданд калонсолон.

– Сармаддеҳ бе духтур монд, – оҳ мекашиданд бачаҳо.

– Аҷаб, Шошо бедарак шуд, – мегуфт бо андӯҳ як духтари деҳ.

Ин духтар Бобуна буд.

Бобуна пай бурд, ки ҳар гоҳ ба Шошо дучор меояд, девонаро аҷаб ҳолате рӯ медиҳад: худро гум мекунад, сурх мешавад ва аз вай саросема дур мешавад. Баъзан Бобуна пай мебурд, ки касе ӯро пинҳонӣ наззора мекунад: вақте ки ба об меравад, вақте ки зери айвон ё рӯи бом нишаста, чизе медӯзад, вақте ки дар сояи маҷнунбед дароз кашида, китоб мехонад. Ин барояш нофорам буд, ҳатто метарсид, танҳо безарар будани девонагии Шошоро асос гирифта, худро ором мекард. Баъд одат кард, чунон ки ба сурати девори хонаи хобат одат мекунӣ, чунон ки ба нигоҳи фузулии кампиракони рӯи бом одат мекунӣ.

Аммо ба Шошо дилаш месӯхт.

Вақте ки вайро сархаму андешаманд медид, дилаш месӯхт.

Суол мекард, ки сари чӣ андеша дорӣ? Ҷавобе намешунид.

Вақте ки вай нисфҳои шаб аз хона баромада, нуқтаеро болои сар омоҷ гирифта, рӯ ба кӯҳ мениҳоду модари бечорааш сарлучу пойлуч дунболаш мерафту зора мекард, ки баргард, Шошо гӯш намекард, ба он ҳар ду дилаш месӯхт.

Аз вай мепурсид, ки чаро ба модарат раҳм намекунӣ, пойлучу сарлуч аз паят мераваду баргард мегӯяд, гӯш намекунӣ, магар ту сангдилӣ?

Вақте ки вайро Бобуна ба сангдилӣ муттаҳам мекард, ларза дар андомаш меафтод, ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад, аммо ҳарфе намезад.

Боре Шошо насиҳатҳои кампири Майсаро гӯшкунон иқрор кард, ки ду ситорае рӯи ду китфаш нишеман гирифтаанд. Ин ду ситора толеи ду одами беҳтарини деҳ аст. Ман нигаҳбони онҳоям, – гуфтааст вай. – Баъзан яке аз онҳо канда мешавад, дур меравад, ман дунболаш меравам, то бозпас ба маъвояш хонам. Агар ин корро накунам, толеи шахси мансуб мешиканад ва фалокате меояд, фалокати сахт.

– Ин ду ситора толеи кист? – мепурсиданд аз ӯву ҷавоб намедод. Агар исрор менамуданд, рӯ ба гурез мениҳод. Ин рафтори ӯ ҳисси фузулии баъзеҳоро бедор мекард, онҳо ба ҳар роҳ аз сири девонаи безарар огоҳ шудан мехостанд.

Валекин кӯшишашон бенатиҷа мемонд.

Шошо рози худро аз ҳама пинҳон медошт, ҳатто аз модараш ҳам. Ҳарчанд модари бечорааш хоҳиши донистани ин сирро надошт, вай танҳо ба ҳоли фарзанди дардмандаш ашк мерехт, пинҳону ошкор ашк мерехт.

Аммо Шошои духтур дар деҳ мегашту ба мардум менигарист: мабодо, марази касе хуруҷ кунад!

* * *

Баъд паиҳам воқеаҳои аҷибу ғариб рух додан гирифтанду меҳри Бобуна ба нисбати Шошо афзуд. Бобуна шунид, ки Шошо аз куҷое бурсаке оварда, сари қабри Бобокӯчак шинондааст ва бурсак гирифтааст. Боз шунид, ки Фармони Мурод аз шохи сафедор қаламча буридааст, то онҳоро дар марзаи кампири Майса шинонда, барои зарурати худ сабз кунонад. Бомдодон Шошо ӯро сари ин кор дида, пурсидааст, ки чӣ мекунӣ? Фармони Мурод мубҳам ҷавоб додааст, ки аз як оча сад бача мекунам. Баъди пешин Фармони Мурод Шошоро сари машғулияте дидааст: девона қаламчаҳои ӯро як-як канда, аз марзаи кампири Майса берун меафкандааст. Бо хашм пурсидааст, ки чӣ мекунӣ?! Аз сад бача як оча мекунам, – мубҳам ҷавоб додааст Шошо.

Ин ҳикоятро Бобуна аз забони Навбахт шунида, хеле завқ кард ва рӯзе пас Шошоро лаби дарё дида, ишора фармуд, ки биё, то соатеро, ки кадом сайёҳи Сармаддара гум задаву вай ёфта буд, тӯҳфа кунад.

Аммо Шошо наомад.

«Ё метарсад ё шарм мекунад» – аз дил гузаронд Бобуна.

Ва рӯзе, ки Бобуна «Аҷаб, Шошо боз бедарак шуд» – гуфт, дар деҳ ҳодисаи нохуше рух дод.

Шошо шабона боз нуқтаеро болои сар омоҷ гирифта, рӯ ба кӯҳ ниҳод. Модараш сахт бемор буду аз ғайбати ӯ кампири Майса бохабар гашт, чанд ҷавонмардро ба дунболи Шошо фиристод. Ҷӯяндагон ҳарчанд овоз доданд, ҷавобе нашуниданд, ҳарчанд ҷустанд, ғоибшударо наёфтанд. Навҳае, ки нобаҳангом аз деҳ хест, онҳоро бозпас овард.

Модари Шошо мурда буд.

Сармаддеҳ чунин мотами сахтро ёд надошт. Ба модари бекаси Шошо гӯё кулли деҳ хеш шуд. Ҳама ҷавонмардҳои деҳ миён баста, ба даст асо гирифтанд, ҳама ҷавонзанҳои деҳ либоси азо пӯшиданд.

Рӯзи дафн соҳиби мурда – Шошо набуд. Чанд нафаре, ки субҳ ба суроғи ӯ рафтанд, ноумед баргаштанд. Мӯйсафедон маслиҳат доданд, ки мурдаро гӯручӯб кунанду ҷавонон боз ба ҷустуҷӯи Шошо бароянд.

Ду рӯз ҷустанд ҳама кӯҳу пуштаҳоро, ҳама дараву ғору мағокҳоро, нишоне аз он бенишон наёфтанд.

Рӯзи сеи раҳматӣ Шошо ба деҳ омад, рангзарду лоғар, либосҳояш даридаву қоматаш хамида, гӯё дар ин се рӯз чизе ба даҳон набурдаву фарсахҳо раҳ сипарда бошад. Ба саволи мардум: куҷо будӣ, чӣ кардӣ, лом намегуфт, ҳар дам даст ба китфи росташ мебурд, мепармосид, гӯё чизе меҷуст. Чӣ меҷӯӣ, суол мекарданд аз ӯ, ҳарфе намезад.

– Ситораи толеи модарам нопадид шуд, – гуфт боре вай ба кампири Майса, ки аз хобу хураш бохабар буд – аз ин рӯ модарам ҳам наменамояд... Шояд пайдо шаваду модарам ҳам ояд...

– Илоҳо пайдо шавад, – дуои хайр мекард кампири Майса, чашмони хираи обравашро пок карда.

– Шошо, бедарак шудӣ? – яке ӯро дида, шӯхиомез пурсид Бобуна.

Хаёле Бобунаро чунин намуд, ки Шошо сартопо ларзиду сурх шуд. Вай ноҷо афтодани суолашро пай бурду узромез гуфт:

– Мегӯям, ки дигар хабаргирӣ намеоӣ?

– Меоям, – боз сурхтар шуда, гуфт Шошо, – Ту омаданамро мехоҳӣ?

– Албатта мехоҳам!

– Пас меоям.

Аммо Шошо наомад. Зеро Бобуна дигар ӯро надид, нигоҳи пояндаи ӯро пай набурд. Дар деҳ низ Шошо кам ба чашм меафтод. Ҳолдонҳо мегуфтанд, ки вай марзаҳои бесоҳибмондаи модару кампири Майсаро обод карданист.

– Аз духтурӣ муродаш ҳосил нашуд, даст ба кишоварзӣ зад, – шӯхӣ мекарданд аҳли деҳ.

– Ҳеҷ намефаҳмӣ санъати ин кишоварзро, – пушти сар хорон мегуфт Шераки Хол, – аз саҳар то ба чошт сангҳои марзаро берун меафканад, аз чошт то шом онҳоро чида дарун.

– Ба фикрам, касалиаш боз хуруҷ кардааст, – хабар овард Навбахт ба Бобуна, – лек ин дафъа ба тарзи дигар.

– Бечора, – гуфт Бобуна, – дар зиндагӣ чизе намебинад, бинад ҳам, дарк намекунад.

– Барои чӣ? Дарк мекунад, вале аз олами девонагии худ.

– Як лаҳза дар ун олам будан мехоҳам, то баъд бо ӯ чӣ гуна муносибат карданро донам.

Рӯзе пас аҳли деҳ фаҳмиданд, ки оқибат Шошо масъалаи сангҳоро ҳал кардааст – онҳоро бурда ба марзаи Фармони Мурод афкандааст. Фармони Мурод бохабар шуда, Шошоро зери мушту лағад гирифтааст, хайрият, мардум ба имдод расида, ун бечораро аз чанги ун ситампеша раҳоӣ додаанд.

Ин ҳикоятро шунида, ба ҳоли Шошо дили Бобуна сӯхт. Вай ба аёдати Шошо омад.

Шошо дар хонаи кампири Майса рӯи ҷогаҳ бо сари баста хоб буд. Бобунаро дидан баробар ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва гӯё аз ин заифии худ шарм дошт, ки зуд чашмонашро пок карда, гунаҳкорона ба вай нигарист.

– Ғам махӯр, Шошо! – дилбардорӣ кард Бобуна, – Вай туро барои покиат зад, на барои сангҳоро ба ангораш афканданат.

– Вай бемор аст, сахт бемор, аммо дардаш бедавост, зеро…

Шошо забон хоид, баъд нигоҳи шераксози Бобунаро дида, давом дод:

– Зеро бо худ ситорае надорад...

Азбаски Бобуна дар бораи ситораҳои ду китфи Шошо шунида буд, салоҳ донист, ки дар ин бора хомӯш бошад.

Аммо Шошо хуши гапзанӣ дошт.

– Ту, Бобуна, бо худ басе ситора дорӣ. Он қадар ситора дорӣ, ки ман ҳар дафъа ҳисоби онҳоро гум мекунам. Касе дар деҳ ба ин андоза ситора надорад. Ман танҳо ду ситора доштам, яке толеи модарам буд, канда шуду рафт... Акнун бо ман ситораи танҳоест…

«Шояд ин ситора толеи кампири Майса бошад» – пеши худ андешид Бобуна. Фикраш қавӣ гашт вақте, ки аз Шошо шунид:

– Ин ситора ҳам амонат аст.

Шошо лаб фурӯ баст, хомӯшии ногуворе ба миён омад, пас аз чанде боз овози хушки Шошо баланд гашт.

– Ин ситора ҳам амонат аст... баъд...

Шошо боз лаб фурӯ баст ва кампири Майсаву Бобуна ба як овоз пурсиданд:

– Баъд чӣ?!

– Баъд ман худам ситора мешавам...

* * *

Сари китфи ӯ як ситора монда буд. Гоҳе он ҳам нишемани худро тарк мекард. Фосилае пеш мерафт, сурати чашми зиндаро мегирифт ва чашмак мезад, ки биё, биё ва Шошо пеш мерафт, ситора ҳам пеш мерафт, Шошо бозмеистод, ситора ҳам бозмеистод ва сурати чашми зиндаро мегирифт ва чашмак мезад, ки биё, биё ва Шошо аз дунболаш мерафт.

Ситора деҳро давр мезад, Шошо низ деҳро давр мезад, ситора фарозро боло мешуд, Шошо ҳам фарозро боло мешуд, ситора ба пайроҳаву бераҳа мерафт, Шошо ҳам ба пайроҳаву бераҳа мерафт, ситора ба пайроҳаву бераҳа поён мефуромад, Шошо ҳам ба пайроҳаву бераҳа поён мефаромад, ситора гирди хонаи бобои Ҷовид давр мегашт, Шошо ҳам гирди хонаи бобои Ҷовид давр мегашт.

Билохира ситора монда мешуд, на Шошо. Тан медод ситора ба радифи худу омада дар нишемангоҳи худ маъво мегирифт ва Шошо низ каме сафо мегирифт.

Ва ин ҳодисаи зер рӯзе рух дод, ки ба хонаи бобои Ҷовид хостгорҳо омаданд ва ӯ даст ба дуо бардошта фотиҳа доду авзои Шошо беҷо шуд.

– Шошо, сарам дард мекунад.

– Шошо, дар қафаси синаам чизе меҷунбад.

– Шошо, даруни рагҳоям чизе ҷорист...

Аммо Шошо ба касе нигоҳ намекард, вай нуқтаеро болои сар омоҷ гирифта, равон буд.

– Шошоро дардаш гирифт, – боз дар деҳ овоза карданд бачаҳо.

Бобуна оҳ кашид, аҳли деҳ оҳ кашиданд, кӯҳу дараҳо оҳ кашиданд.

Чанд нафар рафта, ӯро ба зӯрӣ баргардонданд. Шаби арӯсии Навбахт ва Бобуна Шошо аз деҳ тамоман ғайб зад.

Рӯзи дигар яке ба хотир овард, ки Шошоро дид, фарози кӯҳро боло мешуд, нуқтаеро болои сар омоҷ карда. Дигаре ба хотир овард, ки Шошоро дид, дар гӯшаи бом нишаста ва ба осмон чашм дӯхта. Саввум ба хотир овард, ки Шошоро дид, ба куҷое шитобон ва кампири Майса аз пасаш гирён.

Мардум аз паи ҷустуҷӯи Шошо шуданд. Се рӯз кӯҳу пуштаҳоро ҷустанд, дараву ғору мағокҳоро ҷустанд, нишоне аз он бенишон наёфтанд. Як нафар машварат дод, ки саги бӯйгир биёранд, мурда ё зиндаашро ёбанд.

Аз шаҳр марди низомие бо саг омад. Саг пойпӯши Шошоро бӯида, ба роҳ даромад. Аз пасаш хурду калон, пиру ҷавон, марду занони Сармаддеҳ ба роҳ даромаданд, гӯё Шошои девона додарашон буд, бародарашон буд, писарашон буд, хешашон буд.

Саг деҳаро давр зад, мардум низ деҳро давр заданд, саг фарозро боло шуд, мардум низ фарозро боло шуданд, саг фарозро фаромад, мардум низ фарозро фаромаданд, саг гирди хонаи бобои Ҷовид хеле пасу пеш рафт, мардум низ гирди хонаи бобои Ҷовид хеле пасу пеш рафтанд, баъд саг ба ҷониби хонаи Шошо роҳ пеш гирифт, мардум аз дунболаш.

Саг рӯи бом баромад, саг дар гӯшаи бом қарор гирифт, саг сар бардошт, саг ба осмон нигарист ва нӯла кашид.

Хурду калон, пиру ҷавон, марду занони Сармаддеҳ ба осмон нигаристанд ва навҳа кашиданд.

Ситорае дар замин кам шуд, ситорае дар само афзуд.
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019