НАЁ, КИ МЕЧАСПӢ, ва ё бурду бохти муҳоҷират

- Ҳушдор -

 

Аввалан ба ҳамаи нафароне, ки дар сар ҳавои муҳоҷират мепарваранд, гуфтаниям: ин ақидаи баду палидро аз сар дур кунед, ки он “часпак” зуди ба зуд тамоми рагу пайванду хуну гӯшт хуллас, ҳама ҳастии шуморо фаро мегирад. Инро мани муҳоҷир, ки худ дигар наметавонам аз ин “часпак”-и лаин халос шавам, аз рӯи дилсӯзӣ барои шумо мегӯям. Беғаразона!!!

Бисёриҳо аз ранҷи мушкилотҳо дар муҳоҷират сад бор савганд ёд мекунанд, ки ин навбат хона рафтанд, дигар по ба Россия намегузоранд. Аммо, шурӯъ аз баҳор боз мебинӣ, ки “ассалому алайкум”- гуфта, дар остони вокзали Қазон ва ё фурудгоҳи Домодедово ҳозир мешаванд. Чаро, ки Россия мисли марзи дилрабо, одаткардаро сӯи худ ҷазб менамояд. Аммо агар ин насиҳатро напазируфтаву сар аз хона ба мулки ғарибӣ андохтӣ, бояд чанд чизро бидонӣ, ки бароят короянд хоҳад буд. Чун он чӣ мегӯям, ҳамаро худ аз сар гузаронидаам. Акнун, омода бошу дуруст биншин, сабур бошу бодиққат атрофи суханонам андеша бинамо. Ҳоло, ки дер нашудааст, аз ин нияти хеш баргард, зеро як табиби дӯстам муҳоҷиратро як навъ бемории ории инсулт мешуморад ва ин касалии шифоёбиаш басо мушкил гирифторонашро замоне маҳв месозад, ки инсон худ аз худ безор шуда ва дигарон ҳам аз ӯ. Пас бидон! Чун ман намедонам, ки ту аз муҳоҷират ба ғайри «чор танга» боз чизи дигарро ба даст меоварӣ, ки бар ивази он яқин арзишҳои зеринро аз даст хоҳӣ дод: забону маданияти миллӣ, муҳиту иқлими мусоид ва кори пешинаву мавқеи иҷтимоии даҳсолаҳо касбкардаатро, ошёни гарму дӯстону ақрабо, тани бедарду шаҳри орзуҳо, ҳайбати падару дасту дуои модар, карашмаи дилбар, болини нарму таҳаммули ҳамсар, меҳри писару шарми духтар ва ғайраву ҳоказоҳо, ҳамаро аз даст медиҳӣ. Оре, мани ин таъкидҳоро ёдрас менамоям, ки дар ғурбат ҳамаро аз даст додам, аммо бо вуҷуд ҳатто имрӯз, ки ин ҳамаро дарк кардаам лекин дигар наметавонам аз ин “часпак” раҳо ёбам. Аз ин рӯ, эй ҳамватан аз ту хоҳиш дорам, аз раъйат баргард ва раҳ сӯи муҳоҷират магир.

Вагарна, илова ба маҳрум шудан аз арзишҳои инсонӣ муҳоҷират дардест, дар бағал дардҳои дигарро месабзонад, ки бадтаринаш фурӯпошии оила аст, ҳарчанд, ки алъон оид ба ин мавзӯъ ҳатто фикр кардан намехоҳӣ. Дар муҳоҷират ҳодисаҳое ба сарат меояд, ки пеш аз омадан дар ин маврид ҳатто андешида ҳам наметавонистӣ. Вақте кампираки мулкӣ ба салому табассуми содалавҳонаат “ҳм, чурка” – гӯён, бинии мисли ҳуштаки худро ба осмон нихта намуда, дашноми кафколуду оболудеро мисли торсакие ба баногӯшат мефарорад, он ҷо ҳайрати туро ҷойи амал кардан намемонад. Чун маро ҳайратам қарор намегузошт, вақте пиразани дар обу арақ ғӯтида, борхалтаи вазнин дар пушт, аммо намегузошт, то кумакаш намояму барои пешниҳоди кумак “ҳақоратшап” - ам мекард. Барои чӣ? Барои дилсӯзиам ва аз ин зиёд дар ҳайрат будам, ки дар метрову нақлиёти заминӣ духтарони почадарози бараҳна баҳузур менишастанду кампиракони солрафта ларзон рост истода ва баробари дидани ин ҳолат парида аз ҷой хестани маро тамасхур менамуданд. Ҳамин сон, дар муҳоҷират хоҳӣ нахоҳӣ, бегонаӣ. Дар камтарин ҳолат тайи се-чаҳор соли аввал бегонаӣ. То он замоне ки (шимат) то ними рон боло нашудаву фарохи қафаси синаи ҳамсарат намоён нагардад, (маъзур барои дуруштгӯиям, мутаассифона, ки ҳамин тавр аст), ту барои онҳо “неруский” боқӣ хоҳӣ монд.

Мане, ки мутмаин будам забони ин миллатро аъло надонам ҳам, хуб медонам, мушкили зиёдро мувоҷеҳ будаму дар аксари ҳол онҳоро намефаҳмид. Забони адабие, ки ман медонистам, боиси истеҳзо ва масхараи ман мегашт, зеро он аз забони мардумӣ тафовути зиёд дошт.

Барои тақвияти гуфтаҳоям қиссае меорам. Мани дипломдор корро дар муҳоҷират аз кӯчарӯбӣ оғоз кардам (ёдат бошад, ки чанд сатр пештар навишта будам, ки ба хотири муҳоҷират пешаи асосиатро аз даст медиҳӣ). Баъдан, дар сохтмон кор кардам. Прораби рус ба мани ба қавле “тарҷумони тоҷикон” чизеро биёр гуфт, нафаҳмида, ба такрор пурсидам: “что принести?”. Ғазабаш боло гирифту хитоб кард: “хрен принеси!”. Мани сода ним соат аз анбор “хрен” кофтам, ҳарчанд медонистам ки он растаниест тунд ва дар анбори масолеҳи сохтмонӣ онро набояд ҷуст. Баъдтар фаҳмидам, ки дар забони ин мардум ҳақорате будааст. Ана ёбу гир! Забонро донистан кифоя нест, балки маданияту тарзи зист, анаъанаву одоти мардуми таҳҷоиро донистанат муҳимтар аст. «Тачка»-ву, «бабло» ва «касар», «тёлка»-ву «хата»-ву «хрен»-ро дар адабиёту забони русие, ки ман хонда будам, ҳич ба пешониам назада буданд, охир! Бидон, ки дар ҳамаи мардум забони гуфтугӯӣ ё мардумӣ аз забони адабӣ тафовутҳои беандоза дорад. Он андешаро, ки “онҳо худашон забони русиро намедонад” (ибора аз Ташриф) агар мисли ман “донотарош” бошӣ, ба зудӣ аз сарат берун мекунӣ. Ин мо нодуруст ҳарф мезанем, ҳарчанд аз рӯи китоб аст! «Мо, мусулмонҳо” гуфтанро фаромӯш кун! Аммо мусулмониро неъ!!! Инро ба як бор ва барои муддати тӯлонӣ фаромӯш кун! Ин маслиҳати ман аст, агар не, бори дигар мегӯям беҳтараш наё, ки мечаспӣ! “Дар Тоҷикистон ин тавр”. “Ё забон, дин, миллат, оин, маросими мо беҳтар аст”, бахусус, “гаҳвораи мо аз «маняшка»и шумо”, “бисёрфарзандии мо аз яктозоӣ ва ё умуман назоидани шумо”-ро тамоман ба забон наёр. Худситоии тоҷикие, ки аксари мо дар хонаҳомон намоишкорона “ман намозама хонда биём”, ё “ узр, вақти намоз шуд” мегӯем, умуман, дар гӯшаи хаёлат наёр. Агар мехонӣ, пинҳониву ором хон, ки касе набинад ва ҳатто Худованд ҳам ибодати пинҳониро дӯст дорад. Агар илоҷ нест, беҳтар аст, ки худро маҳзун насозию шаб омада ибодатро қазоӣ бигузорӣ. Худованд худаш ба ҳама чиз биност! Ҳар чизеро аз мулкиҳо пурсиданӣ бошӣ, аввал онро худ ба худ сад бор тамрин деҳ. Намедонӣ, аз дӯстон пурс, ҳамкорон, ҳамсояҳо, ҳама. Аммо биёмӯз, ки хандахариш нашавиву миллатро ҳам хандахаришу обрӯкоҳида насозӣ. Агар намепурсӣ, нодон хоҳӣ монд! Тартиботи маҳаллиро тавре ки бояд бошад, қабул кун. Ҳатто бароят маъқул набошад ҳам. Вагарна ба пуштат лагаде мефуроранду пойафзолат пеши пост! Агар духтараке малеҳ табассумат кард, (яке рафтаву) ин маъно надорад, ки хиштаки эзорат кандааст ва ғарра нашав, ва ё ки бо ту майли шиносоӣ дорад. Ин ҳамин хел рефлекс аст! Ҳеҷ гоҳ дуздида аз зери абрӯят назар накун, ки шубҳаро нисбат ба худ зиёд мекунӣ. Бе ин ҳам ҳар 5 дақиқа дар нақлиёт, бахусус, метрои Маскав, такрор мекунанд, ки агар касе дар назаратон шубҳанок намуд, дарҳол ба пулис хабар диҳед. Ман ҳеҷ намефаҳмам занг зада ва бигӯянд ки “ба назари ман шубҳанок тофт”. Тамом. Бало зад. Ончунон пулис мепечонадат, ки мурдаи Ленинро ҳам ба гардан мегирӣ!

Ҳамаи ин гуфтаҳоям аҷиб аст? Албатта! Фаромӯш макун, ки дар ҳиҷрат бояд доимо бо табассум сухан бигӯӣ, танҳо як илтимос, ба занҳои калонсон ва кампиронаш не, ки “мехӯрандат”. Ҳаргиз ватани худро ва ватани онҳоро танқид накун, ҳарчанд онҳо ин корро мекунанд. Ба ин суҳбат ҳамроҳ ҳам нашаву ҳатто бо маънои тасдиқ сар ҳам наҷунбон. Ин обрӯи миллат, Ватан ва шахси шуморо мерезонад. Ҳа, қариб буд, ки фаромӯш кунам. Ба одамоне, ки бо табассум наздикат мешаванду бо вуҷуди пахмоқии мӯи сару риши давида ва либоси рангпаридаатон ба таърифу тавсифат шурӯъ мекунанд, умуман ҳамгап машав. Онҳо намояндаи ягон «секта» ва ё фурӯшандаи ягон маводи ширкатҳо ҳастанд. Онҳо чанд ибораи доимии ҷалбкунанда доранд: – Ин қадар чеҳраи зебо доред!; – Шумо одами мефаҳмидагӣ ҳастед!; – Бигӯед, оё Шумо худро хушбахт меҳисобед?; – Ман медонам, ки барои хушбахтии шумо чӣ намерасад; – Мехоҳед зиндагиатонро худи ҳамин ҳозир беҳтар намоед?; Ва баъди ба суҳбат ворид шуданатону бо шумо унс гирифтан бо мулоимӣ иброз медорад:– «100 (200, 500) рубл қарз дода истед, ман пулдонамро фаромӯш кардам ва ё пулҳоямро рабуданду ман роҳкиро надорам»... ва мисли ҳамин. Дар ин гуна ҳолатҳо худро кару гунг вонамуд намоӣ, беҳтар бувад, ҳатто чашмонатонро кӯр ва ба рӯят ниқоби берӯягиро бикаш. Агар он нафар ҳамватани ту ҳам бошад. Баъди ин онҳо зуд аз шумо худро “мекананд”.

Фаромӯш накунед, ки дар кӯча бароят ягон чизи хуб пешниҳод намешавад. Ҷойи худро пайдо карда, кӯшиш намо, ки дигарон ба зудӣ фаромӯш кунанд, ки “нерусский”-ӣ. Агар напурсанд маслиҳат надиҳед. Агар Шумо ҷинси латиф бошед, ҳар рӯз бо либоси гуногун ба кор биёед. Бо як либос ду рӯз паиҳам ба кор омадани зан маънои онро дорад, ки шаб дар хонааш набуд. Агар мард бошед, ҳар рӯз пиҷакатонро иваз накунед ҳам куртаву галстукро ҳатман бояд иваз кард. Агар ҳама соати 7- и бегоҳ аз кор раванд, шумо худнамоӣ карда 2 соати дигар кор накунед. Зеро, ин маънои онро дорад, ки шумо дар вақти муайяншуда аз ӯҳдаи кор намебароед...

...Росташро гӯям? Ҳамаи ин ба ҷонам задаст. Маро ҳиҷрат аз Ватан бо 10 соли беҳудагӣ, худдаргумӣ, аз лиҳози касбият шахси нолозим будан, хориву гушнагӣ, як инфарктро паси сар кардану боз даҳҳо мушкилоти дигар то ба навиштани ин сатрҳо овардааст. Аммо мани азобдида, ҳеч аз ин “часпак” халос шуда наметавонам... Аммо оне ки ин сатрҳоро мехонӣ, агар ба Россия омадаӣ ё не, ва ё нафаре аз пайвандонат дар муҳоҷират аст ва шояд аз музди заҳмати ӯ нон меёбӣ, ё даромади азизони муҳоҷиратро ба чи корҳое масраф менамоӣ, бидон, азизи ман, ки ин маблағ бо заҳмати сангину хуни дил ба даст меояд… Албатта, ин мавзӯи баҳси дигар аст...

Аммо маслиҳати охиринамро гӯш кун: “Дӯсти азизи ман, ҳаргиз ба муҳоҷират наё. Наё ки…. мечаспиииииӣ!»

                 А. ҶАҲОНГИР

        (расмҳо аз интернет)
Добавить комментарий