ТАҶДИДИ БЕШ АЗ 13 КИЛОМЕТР РОҲ

Бо ибтикори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони ҳимматбаланд соли гузашта бо харҷи зиёда аз 10 миллион сомонӣ 13,1 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи даромад ба маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таъмири асосӣ карда шуд.
Ба иттилои сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Абдулмаҷид Кабиров роҳи мазкур, бо сифати баланд таъмир шуда, аломатҳои лозимӣ дар канори он насб гардиданд.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки соли 2020 бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст зиёда аз 34 километр роҳҳои маҳаллии ноҳия ба маблағи 637 ҳазору 650 сомонӣ аз таъмир бароварда шуданд.
Феълан дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 13, 1 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ, 13 километр байналмилалӣ ва 183,7 километр роҳҳои маҳаллӣ мавҷуданд, ки дар умум 209,8 километрро ташкил медиҳанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий