Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БЕМОРХОНА ТАЪМИР ШУД
Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи қабул ва шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи марказии шаҳри Левакант бо харҷи 670 ҳазор сомонӣ пурра таъмири асосӣ карда шуд.
Тавре сартабиби беморхонаи мазкур Дилшод Ғафуров зимни суҳбат иброз кард, беморхона соли 1957 бунёд гардида, шуъбаҳои он ба таъмир ниёз доштанд. Хушбахтона, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мушкилӣ ҳалли худро пайдо кард. Баъди таъмир табибон дар ҳуҷраҳои зебою барҳаво ба сокинон хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.
Масъулини беморхона нақша доранд дар оянда шуъбаҳои дигари беморхонаро низ таъмир кунанд.
Дилшод Ғафуров инчунин иттилоъ дод, ки бо дастгирии вазорати болозикр ба ин беморхона ба маблағи 1 миллиону 761 ҳазор сомонӣ дастгоҳи рентгени рақамӣ оварда шудааст, ки сокинон ба ҷойи дур нарафта, эҳтиёҷоти хешро дар ин ҷо қонеъ месозанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


