ИҚДОМИ СОҲИБКОРОН

Давоми соли 2020 соҳибкорони ҳимматбаландӣ маҳаллӣ бо харҷи беш аз 35 миллион сомонӣ роҳҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлонро таъмиру азнавсозӣ кардаанд.
Тавре зимни суҳбат муовини сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Набӣ Ёқубов зикр кард, соли гузашта соҳибкорони маҳаллӣ дар маҷмӯъ бо харҷи 35 миллиону 484 ҳазору 535 сомонӣ 61,33 километр роҳро бо маблағи 31 миллиону 922 ҳазору 835 сомонӣ таъмири асосӣ, 269 километр роҳро бо харҷи 1 миллиону 423 ҳазору 200 сомонӣ сангфарш ва 74,2 километр роҳи дигарро бо масрафи 765 ҳазору 300 сомонӣ таъмири ҷорӣ карданд. Ҳамчунин соҳибкорон 51 пулро бо дарозии 580 метр бо харҷи 1 миллиону 61 ҳазору 700 сомонӣ таъмир карда, 17 қубурро бо дарозии 479 метр ба маблағи 311 ҳазору 500 сомонӣ насб карданд.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки саҳми соҳибкорон дар таъмиру тармими роҳҳои минтақаи Бохтар назаррас буда, гувоҳӣ аз он медиҳад, ки масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо соҳибкорон робитаи хуби ҳамкорӣ доранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ 

Добавить комментарий