Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОШКОРИ ҚОЧОҚИ ДУ ТОННА ДОРУВОРӢ

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон соли гузашта дар давраи хуруҷи бемории коронавирус COVID-19 ҳолатеро ошкор карданд, ки як тоҷире мехостааст наздики ду тонна дорувориро ба Афғонистон қочоқ кунад.
Тавре сардори раёсати болозикр Зафар Муҳаммадиев иттилоъ дод, тоҷир шаҳрванди давлати ҳамсоякишвари Афғонистон Олимбеков Аҳмадалӣ буда, мехостааст маводҳои дорувориро семент номнавис кардаю қочоқ кунад. Вале кормандони гумрук маводҳоро аз зери халтаҳои семент пайдо кардаву нагузоштанд, ки ба Афғонистон интиқол шавад.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки маводҳои доруворӣ аз қабили фитонефрин, парасетамол, омепразол, метрогил, нош-бра, аналгин, азитромитсин, дексаметазон, витамин В ва дастпӯшакҳо буда, дар ҳамон шабу рӯз барои шаҳрвандони Тоҷикистон дорувории зарурӣ ҳисоб мешуданд. Нисбати ҳолати ошкоршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҷавобгар ҷазои сазовор гирифт.
Соли 2020 кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон 140 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 5 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, дар асоси парвандаҳои маъмурӣ 308 ҳазору 943 сомонӣ ҷарима ситониданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!