Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
85 иншоот сохта мешавад
Тибқи нақша-чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни фархундаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи дурдасти Носири Хусрав бунёду азнавсозии 85 иншооти гуногунтаъйин ба нақша гирифта шудааст,-гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Нишонзода Даврон. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки аллакай қисмати зиёди иншоотҳо ба истифода дода шуда, дар корҳои сохтмонии онҳо беш аз шаш миллион сомонӣ масраф шудааст.
Иншооти бунёдшуда марказҳои хизматрасонӣ, мағозаҳои хӯрокворӣ, сартарошхона, майдончаҳои варзишӣ, мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии нақлиёт, бунгоҳҳои тиббӣ буда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, сохтмончиён кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки тибқи нақша онҳоро дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57


