Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
33 нафар омӯзгорон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд
-Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 672 нафар устодон, аз ҷумла 29 нафар профессорону доктори илм, 142 нафар номзадҳои илму дотсентон ва 387 нафар саромӯзгорону ассистентон дар 45 кафедра муттаҳид шуда, кору фаъолият доранд. Ҳамчунин 33 нафар устодон донишгоҳ фаъолият доранд, ки бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд,- иттилоъ дод ректори донишгоҳ Давлатзода Сайфиддин зимни нишасти матбуотӣ.
Зикр гардид, ки соли 2020-ум 20 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуда, шаш кори дар ин самт анҷомдода ба кафедраҳои равияҳои табииву риёзӣ рост меоянд.
Соли гузашта 125 нафар донишҷӯёни донишгоҳ тариқи онлайн дар олимпиадаи кушодаи байналмилалии интернетӣ аз рӯи ихтисосҳои математика, физика, химия, информатика ва забони русӣ иштирок карда, 20 нафари онҳо ба даври сеюми ин олимпиадаи байналмилалӣ роҳхат гирифтанд. Дар баробари ин устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона иштирок намуда, ҳафт нафари онҳо сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Дар соли таҳсили сипаригардида 24 нафар донишҷӯён донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд.
Соли таҳсили нав дар донишгоҳ панҷ ихтисоси нав, аз қабилӣ омӯзгорӣ, иқтисодӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ, фалсафа ва иқтисодиёти ҷаҳон роҳандозӣ гардид, ки дар маҷмӯъ донишгоҳ аз рӯи 66 ихтсисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мутахассис тайёр мекунад.
Дар 12 факултети донишгоҳ аз 16 шаҳру ноҳияҳо 574 нафар донишҷӯён тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғули таҳсиланд, ки 358 нафари онҳо духтарон мебошанд.
-Таваҷҷуҳ ва ғамхории рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф моро водор менамояд, ки тамоми неруи ақлонию зеҳнии хешро барои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати беҳбуд бахшидани сифати таълим равона созем,- гуфт Давлатзода Сайфиддин.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


