Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Болопӯши зимистонаро чӣ тавр мешӯянд?
Дар фасли сармо бештар кӯшиш мекунем, ки болопӯши ғафс ба бар намоем, то аз сармо худро ҳифз намуда, зуком нагардем. Вале имрӯз миёни аксар бонувони мо суоле ба миён омадааст, ки чӣ тавр болопӯшро бояд шуст, то сифати худро гум накунад? Барои равшанӣ андохтан ба ин суол чанд маслиҳатро пешкаш менамоем.1. Дар навбати аввал ба дохили болопӯш назар кардан ҳатмист, зеро дар он ҷо дарҷ шудааст, ки он болопӯшро дар ҳарорати чанд дараҷа бояд шуст, чӣ тавр шустан ва ҳатто бо даст ва ё мошинаи ҷомашӯӣ шустан ва аз чӣ омода шудани он низ нишон дода шудааст.
2. Болопӯше, ки аз пар омода шудааст, онро бояд бо маҳлули махсуси шустушӯи либос шуст, то пахтаи сунъии он осеб набинад.
3. Қабл аз шустани болопӯш ба кисаҳо ва гирду атрофи он назар кардан ҳатмист, зеро дар ҳолати шустан пари он ба берун хориҷ шуда, сифат ва намудашро гум мекунад.
4. Бештар гиребони болопӯш, остин ва ҷойҳои киса тезтар чиркин мешавад. Барои тоза шудани он аввал бояд бо собуни ҷомашӯйӣ он ҷойҳоро шуста ва сипас дар мошинаи ҷомашӯйӣ пурра шустан лозим аст.
5. Агар болопӯш доғ дошта бошад, дар 1 истакон об 2 қошуқча маҳлули навшодир ва каме маҳлули шустушӯиро омехта карда, кафки онро ба ҷои доғшуда молида, чанд дақиқа интизор бояд шуд.
6. Доғи равғанӣ бо маводи сӯзишворӣ (бензин) беҳтар тоза мешавад. Дар ҷои лозима бо пахта каме маводи сӯхтро молида, аз болояш каме крахмал ё намак мепошем. Муддате пас онро меафшонем, агар тоза нашуда бошад, ин амалро боз такрор мекунем. Дар охир бо латаи нам тоза мекунем. Инчунин намак, крахмал ва каме об омехта карда ба болояш гузоред, доғро тоза мекунад.
7. Доғҳои косметикӣ, аз ҷумла доғи кремҳое, ки дар гиребон мемонад, бо кумаки оби митселярӣ (мицеллярная вода), ки барои тоза кардани ороиши рӯй пешбинӣ шудааст, зудтар тоза мешаванд.
8. Агар болопӯши сафедро аз доғ тоза кардан хоҳед, маҳлули перекис водород ва спирти навшодир 1х1 карда, ба ҷои доғзада мемолем. Набояд фаромӯш кард, ки ин маҳлул дар болопӯши ранга истифода карда намешавад. Пас аз тоза кардани доғҳои либос ҳатман болопӯшро пурра шустан лозим, то пахтаи сунъии дохили он дар як ҷо ҷамъ нашавад.
9. Агар шумо болопӯшро дар мошинаи ҷомашӯйӣ шустанӣ бошед, ҳарорати он набояд аз 30° дараҷа зиёд бошад ва ба дохили он тӯбчаҳо гузоштан лозим аст, то пахтаи дохили он дар як ҷо ҷамъ нашавад.
10. Дар ҳолати бо даст шустани он ҳатман оби онро равонда, дар ҷои рост гузошта хушк намудан лозим аст. Болопӯши рангаро аз шуои офтоб дуртар хушконидан ҳатмист.
Таҳияи Анварзода АЗИЗА
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39


