Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
"Модар"
- ҚИССАҲОИ ПАНДОМЎЗ -
Аз нақли бонуе:
Вақте шавҳарам баъд аз 11 соли хонадорӣ тасмим гирифт, ки аз ман ҷудо мешавад, аввалин фикре, ки ба сарам омад, фарзандонам буд. Писарам 5-сола асту духтарам 4-сола. Оё метавонам онҳоро ба танҳоӣ тарбия карда, гармии оиларо диҳам? Оё метавонам ман, модари танҳо хонаро таъмин карда, ба фарзандон он чизеро, ки дар зиндагӣ лозим аст, диҳам? Фаҳмидам, ки ман роҳи интихоб надорам...
Рӯзҳои истироҳат ба қадри имкон вақтамонро якҷо мегузарондем. Миёнаҳои ҳафта ҳатман барои машғул шудан бо бачаҳо вақт меёфтам. Мо гоҳо чӣ тавр дуруст рафтор карданро баҳс мекардем. Ҳамаи ин вақт ва неру талаб мекард, ки ман на дар ҳама ҳолат онҳоро доштам. Раванди тарбия воқеан осон набуд.
Ҳамин тариқ ду сол гузашт. Дар Рӯзи модар мо ба боғ – макони ҷашн рафтем. Ман ба гулҳои даруни кӯзаҳо, ки дар ду тараф оро дода шуда буданд, таваҷҷуҳ кардам. Сардори чорабинӣ борҳо таъкид кард, ки модар будан кори аз ҳама заҳматталаби зиндагист ва ҳамаи модарон сазовори ғамхорӣ ва мукофот ҳастанд. Ӯ аз ҳамаи бачаҳо хост, ки ба назди гулҳо раванд, якеро интихоб кунанд ва ҳамчун рамзи муҳаббат ва қадрдонӣ ба модарон тақдим намоянд. Фарзандони ман даст ба даст гирифта, ҳамроҳи дигар кӯдакон ба макони гулҳо рафтанд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки якҷо барои ман гул интихоб мекунанд. Мо рӯзҳои вазнинро бо ҳам гузаронидем, аз ин рӯ барои ман дастгирии онҳо бисёр муҳим буд. Ман ба гулҳои ҷаъфарии тиллоӣ, лолаҳои зебо ва гулҳои бунафш нигоҳ мекардам. Фикр мекардам бачаҳо кадоме аз ин гулҳоро барои ман меоварда бошанд.
Фарзандони ман ҷиддӣ аз пайи вазифа шуданд. Онҳо бисёр ботаваҷҷуҳ буданд. Дигарон кайҳо модаронашонро бо гулҳои рангоранг хурсанд карданд, ҷигаргӯшаҳои ман бошанд, мисле ки дар интихоб душворӣ мекашиданд. Ахиран садои шодӣ баромад, онҳо бо табассум ва виқор наздам омада, ниҳоли интихобкардаашонро ба унвони қадрдонӣ пешниҳод карданд.
Ман шигифтзада ба гули пажмурда ва бемор нигоҳ кардам. Ман худро таҳқиршуда ҳисобида, туҳфаро қабул кардам. Онҳо бе шакку тардид гули аз ҳама хурд ва беморро интихоб карда буданд. Дар ҳақиқат, он як чӯби хушке буд, ки ягон гул надошт. Ман боз ҳам ба виқори фарзандонам шигифтзада шуда будам. Аммо барои он ки онҳо дуру дароз фикр карда, ҳамин гулро интихоб карда буданд, сӯяшон табассум намудам. Аз бачаҳо пурсидам, ки чӣ чиз онҳоро ба чунин интихоби ғайриодӣ водор кард? Барои чӣ маҳз гули бемор ва афсурда?
Писарам бо боварӣ ва қатъият ҷавоб дод:
- Барои он ки ба ӯ Шумо лозимед, модар. Ба ӯ парастории Шумо даркор аст.
Аз чашмонам ашк ҷорӣ шуд. Фарзандонамро ба оғӯш гирифтам. Ҳамин ҳоло онҳо ба ман беҳтарин туҳфаро дар Рӯзи модар тақдим карданд. Ман ҳатто чунинашро орзу намекардам. Фаҳмидам, ки фидокории ман дар тарбияи онҳо барабас нарафтааст. Ман акнун дилпурам, ки фарзандонам ҳамчун инсонҳои лоиқи ҷомеа ба воя мерасанд.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



