Бойгонӣ
Октябрь 2026 (23)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)

ЗОҲИД ВА САЙЁҲ

- Аз ҳар зовия -


Сайёҳе ба деҳкадае рафт, то зоҳиди маъруферо зиёрат кунад. Чун ба хонаи зоҳид ворид шуд, дид, ки ӯ дар як утоқи сода нишастааст ва дар он ба ҷуз як мизу нимкат ва китобҳои зиёд чизи дигаре нест.

Сайёҳ аз зоҳид пурсид: Ашёву амволат куҷоянд?

Зоҳид гуфт: Аз ту куҷоянд?

Сайёҳ: Ман мусофирам.

Зоҳид: Ман ҳам.

Добавить комментарий