ҶАШНИ САДА
АЛИМУҲАММАД МУРОДӢ
Аз Ҳушанг омад ба мо ҷашни Сада,
Ҷашни шоҳони Хуросони бузург.
Оташе, ки дар Сада рўшан шавад,
Ҳаст рамзи рўҳи мардони бузург.
Хез то ҷашни Сада барпо кунем,
Расми аҷдодии худ эҳё кунем!
Рў-ш гарму бў-ш нарму хў-ш хуб,
Муждабахши бахти пирўз аст он.
Сабздомон асту гулгардон Сада,
Пешгоми ҷашни Наврўз аст он.
Хез то ҷашни Сада барпо кунем,
Расми аҷдодии худ эҳё кунем!
Ҷашни нур асту зиёву тўю сўр,
Ҷашни хуршед аст ин ҷашни Сада.
Давр амну мулк амну халқ шод,
Даври Ҷамшед аст, ин ҷашни Сада.
Хез то ҷашни Сада барпо кунем,
Расми аҷдодии худ эҳё кунем!