Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дастаи ҷавонони “Хатлон” қадрдонӣ шуданд

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, рӯзи 14-уми январи соли ҷорӣ маросими ҷоизасупории ҳайати ҷавонони дастаи футболи “Хатлон” баргузор гардид.
Тавре хадамоти матбуотии раиси шаҳри Бохтар иттилоъ додааст, дар ин ҷамъомад раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва муовини аввали раиси ФФВХ Исроил Шарипов иштирок карданд.
Раиси шаҳр ҳайати ҷавонони дастаи футболи “Хатлон”-ро барои ба даст овардани нишондоди хуб табрик намуд.
Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов зимни баромади хеш қайд кард, ки дастаи “Хатлон” беҳтарин мактаби футболи мамлакат ба ҳисоб рафта, тарбиятгирандагонаш дар ҳайати дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонон шарафи футболи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя мекунанд.
Њайати дастаи ҷавонони “Хатлон”аз ҷониби директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов бо медалҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати ҷавонони дастаи “Хатлон” дар мавсими гузашта медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистонро оид ба футбол байни ҳайатҳои ҷавонон ба даст оварда буданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


