Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)

ЯТИМОНИ КУЛЛ АЗ САФЕДДАРА ДИДАН КАРДАНД


Бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ибтикори Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як гурӯҳ ятимони кулли вилояти Хатлон барои саёҳат ва истироҳат ба мавзеи сайёҳии "Сафеддара"-и ноҳияи Варзоб сафар карданд.

Дар ин бора Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин сафари сайёҳӣ гурӯҳи ятимонро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара ҳамроҳӣ намуданд.


- Сафари кӯдакони ятим дар ҳавои суруду мусиқии хотирмон ва дихушкунанда оғоз гардид. Дар рафти сафар онҳо бо тамошои мавеъҳои зебову кӯҳҳои осмонбӯс ва манзараҳои нотакрори диёр болидахотир гаштаву ғизои маънавӣ бардоштанд.

Гурӯҳи кӯдакон аз дидани манзараи нуқрафому дилкушо, сайругашти одамони зиёд ва сайёҳони хориҷӣ ба ваҷҳ омада, хурсандии онҳоро ҳадду канор набуд.

Гурӯҳе аз онҳо ба ҳаракати рӯйи ях ва гурӯҳи дигар ба барфбозӣ пардохтанд.

Ҳамин тариқ, гурӯҳи сайёҳони наврас гирди гулхан ҷамъ шудаву бо ҳамдигар суҳбати дӯстона оростанду рақсу бозӣ карданд, - илова кард манбаъ. 

Сайёҳони наврас ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар пойдории Истиқлоли давлатӣ ва рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.


«Боиси хушнудӣ аст, ки дар доираи дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа худро ҳеҷ гоҳ танҳо эҳсос накарда, бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ дар фазои орому осудаи мамлакат барои ояндаи дурахшон ва зиндагии обод талош меварзанд.

Онҳо яқин медонанд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, кӯдаконро тарбия ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамояд» - омадааст дар иттиллоияи Шуъбаи иттилоотию таҳлилии  дастгоҳи раиси вилояти Хатлон. 

        А. ФАЙЗ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ