Бойгонӣ

СОЛИ НАВИ 2021 – СОЛИ ГОВ

Мучал, мӯрҷал — солшумории дувоздаҳгона, ки дар кӯҳистони тоҷик бо номи «сол», «мӯлҷар» машҳур аст, аз замонҳои бостон корбурд мешавад. Мутобиқи фарҳанги мардумӣ дар ин намуди солшуморӣ ба навбат ба 12 ҷонвар номгузорӣ шуда, 6 ҳалолу 6 ҳаром буда, аз рӯйи хусусияту табиати ҳайвонҳо, меъёрҳои сириштию мизоҷии онҳо ба афроди дар ҳамон соли ҳайвон таваллуд ёфта толеъбинӣ мешавад. Яъне, чигунагии соли «мучал»-и шахсро мардум аз рӯйи шакл ва рафтори ҷонвар пешгӯйӣ мекунанд.
Ба боварии муаррихон тақвими «мучал» бори аввал дар байни уйғурони Хитой ҳамчун солшумории мардумӣ аз рӯйи ҷойгиршавии бурҷҳои осмонӣ ба вуҷуд омада, дар давраи таҳти тасарруфи муғулҳо (асрҳои XIII-XIV) будани Осиёи Миёнаву Эрон байни тоҷикон ва дигар халқу миллатҳо ҷорӣ шудааст.
Тақвим аз даври 12-солаи номи ҳайвонотро дошта иборат аст ва тоҷикон аз қадим онро ҳисоби «мучал», «мулҷар» ё «мурча» меноманд. Тақрибан ҳашт қарн муқаддам, Абунасри Фарроҳӣ дар асараш «Нисоб-ус-сибён» тартиби солҳои дувоздаҳгонаро ба риштаи назм дароварда, тақвими «мучал»-ро чунин муаррифӣ кардааст:
Мушу бақару палангу харгӯшу мор, З-ин чор чу бигзарӣ, наҳанг ояду мор, В-он гаҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб, Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.
Бояд қайд кард, ки кишоварзон ин тақвимро васеъ истифода намуда, ҳар солро ба хислатҳои он ҳайвон ташбеҳ медоданд ва аз соли хуб ё бад серҳосил ё камҳосил будани он ҳадс мезаданд. Масалан, дар водии дарёи Хингоб деҳқонон ин солҳоро чунин тавсиф мекарданд.
· Муш – ҷонвари зараррасон аст, аз ин рӯ сол камҳосил шуда, ноқисиҳои гуногун дорад.
· Бақар – соли гов ҳам хуб ва ҳам бад шуданаш мумкин аст. Агар боришот бисёр шавад, ҳосил хуб мешавад, боришот кам шавад, ҳосил кам мешавад.
· Паланг – камҳосил мешавад, чунки ӯ ҳайвони дарранда буда, аз ӯ ҳар хатарро интизор шудан мумкин аст.
· Харгӯш – соли хубу серҳосил аст.
· Наҳанг – аз баски ӯ дар об зиндагӣ мекунад, сол серборишоту серҳосил мешавад.
· Мор – аксари морҳо заҳрноканд, аз ин рӯ солҳои хуб нестанд, баъзан хушксолӣ мешавад.
· Асп – азбаски асп ҳеҷ вақт сер намешавад, сол камҳосил меояд.
· Гӯсфанд – соли хуб мешавад, чунки ӯ ҳайвони ором аст. Сол серҳосил ва ором буда, зимистонаш гарм меояд.
· Маймун – соли бад, камбориш ва камҳосил аст.
· Мурғ – ҳамчун соли маймун камҳосил аст, чунки мурғ аз субҳ то шом хӯрок кофта, ҳеҷ сер намешавад. Бисёр вақт дар ин сол гуруснагӣ рӯй медиҳад.
· Саг – саг дӯсти одам аст, солаш хуб мешавад. Зимистон гарм омада, ҳосили фаровон мешавад.
· Хук – хук ҳайвони фарбеҳ аст, аз ин рӯ сол сербориш шуда ҳосил фаровон мешавад. Аз ин сабаб тоҷикон баъзан ин солро «хубон» меноманд.
Ҳарчанд имрӯз солбарорӣ бар усулҳои нав поя гирифтааст, вале ҳамоно барои муайян намудани таърих, замони зисти падару модар, бобою бибӣ ва дигар ниёгон мардуми тоҷик аз ин солшуморӣ истифода мебаранд. Дар китоби «Дар ҷустуҷӯйи Карим-Девона»-и Ҳабибулло Назаров маҳз бо кумаки солбарорӣ замони зист ва рӯзгори мардони таърихии водии Ҳисорро бознигорӣ карда шудааст.
Барои мучал ҷадвалҳои гуногун сохта ва корбурд мешаванд. Бароятон усулеро пешниҳод мекунем, ки бе ягон ҷадвал мучалҳоро барои ҳар кадом сол аз садаи I то садаи XXI солшумории хуршедии исавӣ метавонед муайян карда бошед.
Пеш аз ҳама бояд рубоии болоро азёд намуда ва шумораи тартибии солҳоро аз бар бояд кард.
Муш Бақар Паланг Харгӯш Наҳанг Мор Асп Гӯсфанд Ҳамдуна Хурус Саг Хук
Аз соли матлуб 3 якиро кам карда посухи онро ба 12 бахш мекунем. Бозмондаи (бақияи) бахш худ шумораи тартибии соли мучал аст.
Барои намуна: Соли 2014
(2014-3):12=167 ва 7 бозмонда (бақия). 7 – шумораи тартибии Асп аст. Соли 1917
(1917-3):12=159 ва 6 бозмонда (бақия). 6 — шумораи тартибии Мор аст. Соли 1932
(1932-3):12=161 ва бозмонда (бақия) 9 аст. 9 – шумораи тартибии Ҳамдуна аст. Соли 1878 (зодсоли С. Айнӣ)
(1878-3):12=156 ва бозмонда (бақия) 3 аст. 3 – шумораи тартибии Паланг аст. Соли 858 (зодсоли Одамушшуаро Рӯдакӣ)
(858-3):12=71 ва бозмонда (бақия) 3 аст. 3 – шумораи тартибии Паланг аст.
Дониста ва огоҳ бошед, ки соли ҳар як ҷонвар дар Осиёи Пеш ва Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, аз Соли нави ҳақиқӣ (Наврӯз) оғоз меёбад, на аз оғози Соли нави исавӣ.
Бинобар ин, ақидаи вақтҳои охир маъмулгашта, ки масалан, соли Асп гӯё аз 1 январи соли 2015 (Гоҳшумори мелодӣ) оғоз меёбад, хатост. Ҳол он ки соли Асп аз Наврӯзи соли 2014 сар шуда, то Наврӯзи соли 2015 давом мекунад. Соли Гӯсфанд бошад аз Наврӯзи соли 2015 сар шуда, то Наврӯзи соли 2016 давом мекунад ва тартибу низоми дар зер оварда онро тасдиқгар аст:
Муш Бақар Паланг Харгӯш Наҳанг Мор Асп Гӯсфанд Ҳамдуна Хурус Саг Хук
1900 1901 1902 1903 1904 1905 1906 1907 1908 1909 1910 1911
1912 1913 1914 1915 1916 1917 1918 1919 1920 1921 1922 1923
1924 1925 1926 1927 1928 1929 1930 1931 1932 1933 1934 1935
1936 1937 1938 1939 1940 1941 1942 1943 1944 1945 1946 1947
1948 1949 1950 1951 1952 1953 1954 1955 1956 1957 1958 1959
1960 1961 1962 1963 1964 1965 1966 1967 1968 1969 1970 1971
1972 1973 1974 1975 1976 1977 1978 1979 1980 1981 1982 1983
1984 1985 1986 1987 1988 1989 1990 1991 1992 1993 А 1994 1995
1996 1997 1998 1999 2000 2001 2002 2003 2004 2005 2006 2007
2008 2009 2010 2011 2012 2013 2014 2015 2016 2017 2018 2019
2020 2021 2022 2023 2024 2025 2026 2027 2028 2029 2030 2031
Муш Бақар Паланг Харгӯш Наҳанг Мор Асп Гӯсфанд Ҳамдуна Хурус Саг Хук
Дар Солшумории чинӣ (хитойӣ) ба солшумории Мучал монанд, солшумории қадимае [сулолаи Чжоу (сулолае, 800 сол сари қудрат буд) ва дар замони сулолаи Хан (206 то мелод — 207 мелодӣ) рушд ёфтааст] мавҷуд буд. Дар он ибтидои соли нав ба шаби якуми солшумори қамарӣ, моҳҳои 21 январ - 20 феврал оғоз меёбад.
              Таҳияи Сармад МУФАРАҲ
          (Бо истифода аз маводҳои Интернет)
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019