Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
07 янв 10:18АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат

МОДАРОНИ БОХТАРӢ БА АЁДАТИ САРБОЗОН РАФТАНД


Занони шаҳри Бохтар бо сарварии муовини раиси вилояти Хатлон Фируза Шарифӣ ва дар якҷоягии  гурӯҳи корӣ аз пойтахти кишвар бо иштироки Абдураҳмон Маҳмад, ноиби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои ҳарбии воқеъ дар қаламрави шаҳр рафта аз шароити хизмат ва будубоши сарбозон дидан намуданд.

Тавре аз   Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, ин дидор зери шиори «Мо-модарон, ба аёдати сарбозони ватан меравем!», ки дар асоси нақша - чорабиниҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар амалӣ карда мешавад, сурат гирифтааст.

- Ҳамчунин аз ҷониби модарон барои афсарону сарбозон дастурхони пурнозу неъмат ороста шуд, ки ба руҳияи сарбозон таъсири ҷиддии мусбӣ гузошт. Мо бовар дорем, ки чунин вохӯриҳо дар бедор сохтани эҳсоси ватанпарастӣ ва рушди ҳуввияти миллии ҳомиёни Ватан нақши муассир дошта метавонад. Гузашта аз ин волидони сарбозон аз вазъи хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва шароити будубоши аскарон аз наздик шинос шуданд, ки ин кор барои иҷрои нақшаи сафарбаркунии ҷавонон барои хизмати аскарӣ хеле муҳим мебошад. Мо тасмим гирифтаем, ки то оғози мавсими даъвати баҳорӣ чунин вохўриҳоро бештар ташкил намоем, - илова кард манбаъ.  

Дар анҷоми дидор дар толори Раёсати Қушунҳои сарҳадии вилояти Хатлон бо иштироки меҳмонон, волидон ва ҳайати шахсӣ ҷаласаи мутантан баргузор гардид.


          Абўбакри ФАЙЗАЛӢ, (суратҳо аз Акмал Саидзода)

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ