Бойгонӣ

ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “НЕРУИ СУХАН” ЭЪЛОН ГАРДИД


Озмуни навбатӣ барои рўзноманигорони вилояти Хатлон «Нерўи сухан» оғоз гардида, қабули маводҳои довталабон шурўъ шудааст.

Дар ин бора шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст. 

Бино ба иттиллои манбаъ ин сабқати эҷодӣ бо мақсади дастгирии рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон эълон гардидааст.

 Гуфта мешавад, ки маводҳои инъикосгари масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла дастовардҳои 30 соли Истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон, тарғиби расму ойин ва арзишҳои миллӣ, имкониятҳои сайёҳии вилоят, ҳунарҳои мардумӣ, рушди деҳот, волоияти қонун, раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, инчунин сари вақт хабардоркунандаи ҷомеа аз воқеаву рӯйдодҳои мубрам, шарҳу тавзеҳи воқеъбинонаю асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб, ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, неру бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон ба озмун қабул ва баррасӣ карда мешаванд.

Тибқи низомнома, озмуни мазкур дар Рӯзи матбуоти тоҷик – 11 март ҷамъбаст гардида, ба ғолибон ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ аз рӯйи 7 номинатсия Сипоснома ва мукофотпулӣ тақдим карда шавад.

Озмун аз рӯйи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

1. “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ”

Барои ҷойи якум – 1500 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм – 1000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм – 500 сомонӣ.

2. “Беҳтарин барномаи телевизионӣ”

Барои ҷойи якум – 1500 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм – 1000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм – 500 сомонӣ.

3. “Беҳтарин барномаи радиоӣ, маводи чандрасонаӣ ва интернетӣ”

Барои ҷойи якум – 1500 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм – 1000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм – 500 сомонӣ.

4. “Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)”

Барои ҷойи якум – 1500 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм – 1000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм – 500 сомонӣ.

5. “Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ”

Барои ҷойи якум – 1500 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм – 1000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм – 500 сомонӣ.

6. “Беҳтарин лавҳаи телевизионӣ ва фоторепортаж дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунару анъанаҳои мардумӣ”

Барои ҷойи якум – 1500 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм – 1000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм – 500 сомонӣ.

7. “Беҳтарин сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”.

Барои ҷойи якум – 1500 сомонӣ;

Барои ҷойи дуюм – 1000 сомонӣ;

Барои ҷойи сеюм – 500 сомонӣ.

Дар озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии вилояти Хатлон, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, иштирок карда метавонанд аризаҳоро то 31 январи соли 2021 пешниҳод намоянд.

                          А. Файз

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019