05 янв 11:06АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият

КӮШОНИЁН: ВАЛИЗОДА БА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА ШАХСОНИ НИЁЗМАНД РАФТ


Дар идомаи амалҳои хайрхоҳона ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 нафар сокинони ноҳия аз тарафи раиси ноҳия Икромиддин Вализода аёдат гардиданд. 

Дар ин бора маркази матбуоти дастгоҳи раиси ноҳия хабар додааст. 

Гуфта мешавад, ки дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия Носирова Шаъмигул-  собиқадори меҳнат дар соҳаи маориф аёдат гардида, ба ӯ шириниҳо ва маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд. Ҳамзамон дар ин ҷамоат Ҳафизова Нишонбӣ, ки ба синни 88 расида бистарӣ мебошанд, аёдат гардида ба ӯ низ шириниҳо ва маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд. Модари меҳрубон барои дидорбинии ӯ дар арафаи соли нав миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат ва ба роҳбарияти ноҳия баён намуда, барои ояндаи дурахшони Ватани азизамон дуои нек намуданд. Дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия роҳбарияти ноҳия сокини ин ҷамоат Ҳакимов Муҳаммадраҳим, ки имконияташ маҳдуд аст ба ӯ аробачаи маъюбӣ, шириниҳо ва маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд. Дар идомаи дидорбинӣ роҳбарияти ноҳия 3 нафар сокинони эҳтиёҷманди ҷамоати деҳоти Заргар Шарипова Шодигул, Кулолова Хосият ва Тешаев Назарбекро аёдат намуда, ба онҳо шириниҳо ва маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд.

Добавить комментарий