Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
05 янв 10:50АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият

ФИРӮЗА ШАРИФӢ ПАНҶГОНИКҲОРО ХАБАР ГИРИФТ


Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ба дидорбинии модари фарзандони панҷгоник Дилноза Мамадова рафтааст. Дар ин бора сомонаи расмии МИҲД вилояти Хатлон хабар додааст.

Мутобиқи иттилоъи манбаъ айни ҳол Дилноза Мамадова дар таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ҳамроҳи фарзандонаш таҳти муроқибати табибон қарор дорад.

Фирӯза Шарифӣ ба модари панҷгоникҳо кумаки моддию пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро расонида, аз ҳолу аҳволаш пурсон шуд.

Муовини раиси вилоят ҳамчунин бо табибони таваллудхона мулоқот карда, барои ғамхориашон нисбат ба Дилнозаю фарзандонаш изҳори миннатдорӣ намуд. Табибон қайд кардаанд, ки вазъи сиҳатии модару кӯдакон муътадил буда, як муддати муайян онҳо дар таваллудхона нигоҳубин мешаванд.

Фирӯза Шарифӣ ба модару фарзандони панҷгонааш саломатии қавӣ ва хушрӯзӣ таманно кард.

Ёдовар мешавем, ки сокини 31-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар арафаи Соли нави мелодӣ 5 фарзанд ба дунё овард, ки чунин рӯйдод бори аввал дар таърихи вилоятамон сабт шудааст.

Рӯзи 1 январ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ ба ноҳияи Қубодиён сафар намуда, таваллуди панҷгоникро ба бобою бибии онҳо шодбош гуфт ва кумакҳои пулию моддӣ, маводи ғизоиро ба ин хонавода расонид.

Тасмим гирифта шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар бунёди манзили иловагии истиқоматӣ барои тифлони навзод дар канораи замини наздиҳавлигии ин хонавода ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ