Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар Қубодиён панҷгоник ба дунё омад

Сокини 30–солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Бобоева рӯзи 30-уми декабри соли ҷорӣ дар зоишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе панҷгоник таваллуд кардааст. Ин модари хушбахт аввалин нафарест, ки дар Тоҷикистон панҷгоник ба дунё овардааст.
Ба қавли мудири Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” Гулҷаҳон Давлатзода панҷгоникҳои ба дунёомада ду писар ва се духтар буда, ҳар кадом бо вазни аз якуним то ду килограммӣ ба дунё омадаанд. Номбурда ҳамчунин гуфтааст, ки ҳолати навзодон хуб буда, зери назорати табибон қарор доранд.
Муовини раиси ноҳияи Қубодиён Шарифзода Тоҷинисо зимни суҳбат иттилоъ дод, ки ин зан сокини деҳаи “Бобоҷон Ғафуров”-и Љамоати “20 –солагии Истиқлол”-и ноҳия мебошад. “Модари ин тифлони ба дунёомада ду моҳи охир зери назорати табибони ин зоишгоҳ қарор доштааст, ва муддати бист рӯз дар онҷо бистарӣ буд. Аллакай аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ба ин хонавода кмак расонида шуд. Ҳамин, ки онҳо сиҳату саломат ба ноҳия баргарданд, боз ба онҳо духтури махсус барои зери назорат гирифтани тифлон ва модари онҳо ҷудо карда мешавад. Инчунин мақомоти маҳаллӣ нақша дорад, ки ба ин оилаи хушбахт баъди ба хона омадан боз кумаки молиявӣ тақдим намояд.
Дар гузашта чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоник дар Тоҷикистон сабт шуда буд. Аммо ба дунё омадани панҷгоник бесобиқа мебошад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


