Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Гӯшти гӯсфанд дар тафдон
- Суфраи "САФО" -
Маҳсулот:
Гӯшти гӯсфанд (лаҳм) – 2 кг
Сирпиёз – 5 дандона
Намак, мурч мувофиқи тамъ
Равғани зайтун – 3 қошуқ
Мураббои қоти сиёҳ – 3 қошуқ
Асал – 1 қошуқча
Пудина - 1 бандча
Шакар – 2,5 қошуқча
Сирко – 2,5 қошуқча
Об -300 мл
Тарзи тайёр кардан:
Сирпиёзро тоза карда, ҳар як дандонаи онро ба 6-8 қисм тақсим мекунем. Гӯштро шуста хушк карда, ҳар ҷои онро сӯрох мекунем. Тафдонро ҳарорати 220° дараҷа гарм мекунем. Ба сӯрохиҳои гӯшт сирпиёзи майдакардашударо љо мекунем ва ба болои гӯшт намак, мурч пошида, равғани зайтунро низ кам - кам мерезем. Дар тафдон муддати 1 соат мегузорем.
Қиёми қанд: дар зарфе мураббо, об ва асалро бо ҳам омехта карда, пайваста мекобем ва меҷӯшонем, то ҳаҷман зиёд шудан.
Пудинаро шуста, обашро хушк мекунем ва болои тахтача монда, шакар пошида кӯфтан лозим аст. Пудинаи кўфтаро дар зарф мегирему ба он 1 қошуқ оби ҷӯш мерезем ва то шакар об шудан мекобем. 1 қошуқ сирко ҳамроҳ мекунем.
Гӯштро аз тафдон гирифта, аз болояш қиёми қандро мерезем ва боз муддати 35-40 дақиқа ба тафдон мегузорем. Дар охир аз тафдон гирифта реза карда, бо соуси пудинагӣ ба дастархон мегузорем.
Маҳсулот: Гӯшти гӯсфанд (лаҳм) – 2 кг

Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР