25 дек 12:14АСОСӢ / Ахбор / Варзиш

БАРНОДИЛИ 90-СОЛА


Машқи пагоҳирӯзӣ аз ҳар ҷиҳат ба саломатии инсон фоидабахш буда, боиси обу тоб ёфтани бадан ва солиму бардам мондани ҳар нафар мегардад. Ин аст, ки Сафаралӣ Палвонови 90 сола дар як рӯз ду маротиба ба варзиш машғул шуда, онро василаи тарзи ҳаёти солим медонад.

Сафаралӣ Палвонов, сокини куҳансоли ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ айёми пириро ҳам мисли ҷавонон мегузаронад. Зеро ӯ аз бачагӣ то ба имрӯз ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шуда, ҳоло ҳам солиму бардам мебошад. Чанд рӯз мешавад, ки субҳгоҳон бобои Сафаралиро дар майдони варзишии «Ҷавонӣ»-и шаҳри Бохтар вомехӯрем, ки машѓули машқу тамрин аст.

Зимни суҳбат маълум шуд, ки ӯ барои хабаргирии наберагонаш ба хонаи писараш омадааст. Ба гуфтаи Бобои Сафаралӣ вай ҳар куҷое, ки равад шароиту имконоти муносиб ёфта, ҳатман обу тоби бадан мекунад. Ӯ дар ин маврид ҳељ танаффус надорад ва баҳонаеро ҳам пеш намеорад. Чунки варзишро дӯст медораду ҷавононро низ ба тарзи ҳаёти солим даъват мекунад.

-Касоне, ки мехоҳанд табъи хушу болида дошта бошанд, бояд ба варзиш машғул шаванд. Давидан ба тани онҳо ҳаловат бахшида, аз зудпиршавӣ нигоҳ медорад, - мегӯяд варзишгари 90 сола.

Рафти машқу тамрини бобои Сафаралӣ хеле диққатҷалбкунанда аст. Ӯ новобаста ба синну солаш мисли навраси 18-сола пурҳаракат буда, дилдодаи тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Ин марди хирад ба насли наврасу ҷавон тавсия медиҳад, ки ба варзиш машғул шаванду мисли ӯ дар пирӣ ҳам боқувват бошанд. Сафаралӣ Палвонов мегӯяд, ки ҳарчанд синнаш ба 90 расида бошад ҳам, аммо худро бардам ҳис мекунад. Зеро тарбияи ҷисмонӣ ба вай неру мебахшад, аз ин лиҳоз аз ҳаргуна бемориҳо дар амн аст.

-Ҳар рӯз субҳ нодамида дар деҳа медавам. 100 бор арҷумания мекунам, 15 маротиба турник мешакам. Ин сўву он сў ҳаракат намуда, намудҳои варзиши сабукро такрор ба такрор иҷро менамоям, - идома дод ӯ.

Ин муйсафеди дурандеш нақл мекунад, ки соли 1956 замони адои хизмати ҳарбӣ дар Украина аз ҳама зиёд медавид ва тамоми машқҳои тактикиро ба хубӣ иҷро мекард.

-Ҳоло синнам ба ҷое расида бошад ҳам, аммо ҳеҷ бе ҳаракат нестам. Ҳар рӯз субҳу шом дар куҷое, ки бошам медаваму меҷаҳам ва машқи бадан мекунам. Бе варзиш ҳаётамро тасаввур карда наметавонам. Агар як рӯз надавам худамро бад ҳис намуда, гӯё чизеро аз даст додаам, - идома дод С.Палвонов.

Бобои Сафаралӣ бардамии худро дар машқи пагоҳирӯзӣ ва ҳаракати ҷисмониаш медонад. Вай “Гар ба варзиш қаринӣ, дарди бадан набинӣ”-ро шиори худ дониста, ин тарзи ҳаёти солимро ихтиёр намудааст.

               М.АМОНҶОН

Добавить комментарий