Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Эҳдо ба Рӯзи Президент
16 – уми ноябр Рӯзи Президент

16-уми ноябр аз муҳимтарин санаҳои тақдирсози таърихи миллату давлатдории халқи тоҷику тоҷикистониён арзёбӣ мегардад, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ гардидааст. Зеро 28 сол қабл маҳз дар ҳамин рӯзи сарнавиштсоз, яъне 16-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари кишвари дар оташи ҷангу хунрезӣ оғуштаи мо интихоб гардиданд. Маҳз баъди зимоми давлатдориро ба уҳда гирифтани ин фарзанди фарзонаи миллат дар дили мардуми азияткашидаи Тоҷикистони дар гирдоби ҷангу хунрезиҳо буда, умеду боварӣ ба ояндаи зиндагӣ ва сулҳу суботу оромӣ дар кишвар пайдо шуд.
Баъди ду соли ҷаҳду талошҳои Сарвари ҷавони мамлакат баҳри таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва оғози марҳилаи азнавсозии харобаҳои ҷанг халқи Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карданд. Маврид ба ёдоварист, ки маҳз дар асоси моддаи 1-и Сарқонуни кишварамон шакли идоракунии давлати мо, идораи президентӣ буда, роҳбари давлат аз ҷониби халқ интихоб гардида, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроия, шахси мансабдори олӣ ба ҳисоб рафта, дар идораи давлат нақши асосиро мебозад. Маҳз хираду заковатмандии абармарди таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки институти президентӣ дар таҳкими давлатдории миллии мо нақши бузург бозида, дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ягона ва дунявӣ, мустаҳкам сохтани низоми судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва умуман таҳкими рукнҳои давлат ва иттиҳоду сарҷамъии халқу миллатҳои гуногунзабони он Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ибрати кишварҳои дунё эътироф шудааст.
Ҳамин тавр, дар масири пуршебу фарози давлатдорӣ Сарвари давлат сарзамини аҷдодии хешро аз парокандагӣ ва мардумони дар чаҳорсӯи олам гурезаву ғарибро зери шиори сулҳу ваҳдати миллӣ ба Ватан хонда сарҷамъ намуданд, низоми идоракунии давлатиро дубора фароҳам намуда, Артиши Миллиро таъсис доданд ва дар радифи таҳкими пояҳои давлатдорӣ сохторҳои қудратии мамлакатро мустаҳкам ва таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар мадди аввал гузошта,
дар бунёди як ҷомеаи комилан озоду демократӣ, ҳуқуқбунёду демократӣ ва тарбияи як ҷамъияти арҷгузор ба арзишҳои муҳими инсонӣ асос гузоштанд. Ин буд, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати соҳибистиқлол, дар таърихи 15-уми апрели соли 2016 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябр Рӯзи Президент эълон гардида, ин санаи таърихсозу тақдирсоз ҳамчун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Таърих ва сарнавишти гузаштаи халқи тоҷик сабақи бузургу омӯзандае барои наслҳои имрӯзу ояндаи мо аст, ки ҷамъият дар ҳоле иттиҳоду сарҷамъ ва давлат пуриқтидору поянда мегардад, ки фарзандони миллатдӯсту меҳанпарасти он манфиатҳои халқу давлатро аз ҳама боло гузошта, омода аст, ки ҳама ҳастии хешро баҳри якпорчагии сарзамин ва хушбахтию саодати мардумони он бахшида тавонад. Вақт ва ҳаводису рӯйдодҳои қариб се даҳсолаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз бори дигар собит сохт, ки чунин шахсияти нотакрор, абармади роҳи озодию наҷоти халқу давлати Тоҷикистон Сарвари давлати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Иродаи матин, тавоноию қудратмандии ин шахсияти таърихсози миллати тоҷик буд, ки корро аз бунёдгузории як давлати соҳибихтиёру демократӣ оғоз бахшида, дар марҳилаҳои тақдирсози таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, таъсиси Аритиши миллӣ ва пурқудрат сохтани сохторҳои низомии мамлакат, то давраҳои муаррифии миллати соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳон, рушду тараққиёти иқтисодиёти Тоҷикистон ва ноил гардидан ба дастоварду комёбиҳои бузург дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қаҳрамониҳои бузург нишон додаанд.
Бинобар ин, мо, ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти Тоҷикистони соҳибистиқлолро мебояд, ки дар пайравӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами хеш дар ҳифзи суботу оромӣ, сарсабзию ободкориҳо ва рушду пешрафти минбаъдаи кишвари худ саҳмгузор бошем. Чуноне бузургон фармудаанд, мо дар замоне ба бунёди ҷомеи солиму пешрафта ноил мегардем, ки мардум дар пайравӣ аз ташаббусу хизматҳои ба халқу Ватан намудаи сарварону нухбагони миллат, лоақал хизмату накукорие нисбат ба аҳли оилаи худ анҷом дода бошанд.
Чиллазода Шарафҷон Қарахон, нотариуси калони Идораи нотариалии давлатии вилояти Хатлон

Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР