Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОЗМУНҲО ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Дар натиҷа 110 нафар аз вилоят ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.Озмунҳои мазкур ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва сокинони касбу кори гуногуни кишвар баргузор гардида истодааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки аз рӯи панҷ номинатсия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид, 5 ҳазору 100 нафар иштирок карда, 753 нафарашон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Баъди натиҷагирии даври вилоятӣ бошад 83 нафар ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ки 43 нафар нисбати соли гузашта зиёд мебошад.
Дар озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” низ 252 довталаб аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат карда, 27 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Бо мақсади татбиқи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, №1339 ва 1335 “Дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” қарорҳои раиси вилояти Хатлон аз 5 марти соли 2020, №81 ва №82 қабул карда шуда, барои ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 166 ҳазор сомонӣ ва барои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 131 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Муовини раиси вилояти Хатлон, ҳамзамон раиси комиссияи ҳар ду озмун Фирӯза Шарифӣ дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол сипоснома ва мукофотҳои пулиро тақдим намуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


