Бойгонӣ
Март 2026 (5)
Февраль 2026 (31)
Январь 2026 (22)
Декабрь 2025 (17)
Ноябрь 2025 (25)
Октябрь 2025 (20)

Се достони кӯтоҳ ...

- АЗ ҲАР ЗОВИЯ -   

Аҳли деҳае тасмим гирифтанд барои бориши борон дуо кунанд. Дар рӯзе, ки барои дуо ҷамъ шуданд, танҳо як писарбача бо худ чатр дошт.
🌱 Ин яъне, имон.
Кӯдаки яксолаеро тасаввур кунед, ки замоне шумо ӯро ба ҳаво мепартоед, механдад. Зеро медонад, ки шумо ӯро хоҳед гирифт.
🌱 Ин яъне эътимод.
Ҳар шаб мо ба рахти хоб меравем, аммо ҳеҷ итминоне надорем, ки то субҳ зинда мемонем ё не. Бо ин ҳол ҳар шаб занги соатро барои субҳ танзим мекунем.
🌱 Ин яъне умед.
                       Таҳияи Абдурашид Қаюмзод 
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019