Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)

ИҚДОМИ НЕКИ ОИЛАИ ШАРИФЗОДАҲО


Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи шоиста аз ҷашни умумимиллии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси аҳли оилаи Шарифзодаҳо 1,3 километр роҳи автомобилгарди деҳаи Зиракии ҷамоати деҳоти Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён мумфарш карда шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён иттилоъ доданд, дар таъмири роҳ ин оилаи саховатпеша 647 ҳазор сомонӣ масраф кардааст.

Ин роҳ солҳои зиёд таъмирталаб буду барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт мушкилӣ эҷод мекард. Роҳи мошингарди таҷдиду навсозишуда ҷавобгӯ ба стандартҳои роҳсозӣ бунёд гардида, боиси хушҳолии сокинони маҳал гардидааст.

Тайи солҳои охир аз ҷониби аҳли оилаи Шарифзодаҳо корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ноҳия зиёд анҷом дода мешавад.

Оилаи мазкур тасмим гирифтааст, ки дар оянда боз як таваллудхонаи хуштарҳу замонавиро барои бошандагони ин маҳал бунёд намояд.

                         Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ