АРТИШ – МАКТАБИ МАРДОНАГӢ!

                 - Ҷавонон -

- Бо амри дил барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайвандам. Зеро хизмат ба Ватанро қарзи шаҳрвандии худ шуморида, онро мактаби бузурги ҷавонмардӣ медонам. Баъд аз хатми мактаби миёна ба комиссарияти ҳарбӣ омада, дархост намудам, ки маро ихтиёран ба хизмати Модар-Ватан сафарбар намоянд ва инак дар фазои идона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гусел намуда истодаанд, - боифтихор мегӯяд, Муҳаммад Чоршанбеев, даъватшуда аз ноҳияи Қубодиён.

Тантанаи ин рӯзи хотирмон барои ҳар яке аз ин даъватшудагон аз маросими “нонгазон” хотирмон оғоз гардида, зери ливои Ватан дар варзишгоҳи марказии ноҳия барпо гардид.

Тавре аз суҳбат аён шуд ҷавононе, ки саф ороста буданд, дар қалби худ меҳри Ватан-Модар ва ҳимояи меҳанро ҷой дода, бо амри виҷдон ба ин тасмим омодаанд. Онҳо хизмат дар сафи артишро шараф дониста, дар назди падару модар, хешу ақрабо ва дӯстону наздикони худ қавл додаанд, ки қарзи фарзандиашонро бо сари баланд адо месозанд.

Лутфулло Ғоибзода, комиссари ҳарбии ноҳияи Қубодиён иброз менамояд, ки сол то сол шумораи ҷавонони далеру шуҷоъ ва матиниродаву ватанпарвар меафзояд. Аксари онҳо ихтиёран барои адои хизмати ҳарбӣ муроҷиат мекунанд ва ҳамчун фарзандони муҳофизи диёр якдилона ба ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар мақомоти қудратию низомии кишвар сафарбар мегарданд.


- Мо чунин ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва онҳоро ба курсҳои ронандагию ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, соҳибкасб намуда истодаем. Баҳри ҳавасмандии ҷавонон дар мавсими тирамоҳии даъват ба хизмати ҳарбӣ 135 нафар даъватшудагон ба курсҳои омӯзишии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҷалб гардида, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ ва кафшергарӣ гардиданд, – афзуд комиссар.

Модари даъватшаванда Гулистон Ғиёсова мегӯяд, ки ҳафт писараш замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар мамлакатҳои гуногун хизмати ҳарбиро адо намудаанд. “Он вақтҳо фарзандони моро ба кишварҳои дур мебурданд. Як писарам дар Афғонистон хизмат карда, маҷруҳ ба хона омад ва баъд аз чанде вафот кард. Имрӯз чӣ? Кишварамон тинҷу амн аст. Мо аз қисмҳои низомӣ дидан кардаем тамоми шароит муҳайё аст. Зуд-зуд ба хабаргирии аскарбачаҳо иҷозат медиҳанд. Мо аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шуда меистем”,- таъкид мекунад холаи Гулистон.

Дар ҳақиқат имрӯз ҷавонони худогоҳу ҷасур бо дасту дили пок ва иродаи қавӣ ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба як неруи тавоно табдил додаанд. Онҳо хуб медонанд, ки дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон буда, ҳимояи марзу буми он ҳам қарз асту ҳам фарз.

                          М. АМОНҶОН

Добавить комментарий