ЧОЙИ КАБУД


1. Якчанд пиёла чойи кабуд дар давоми рўз, барои қавӣ гаштани дил мусоидат намуда, метавонад баъзе бемориҳои дилу рагҳоро пешгирӣ намояд.

2. Чойи кабуд воситаест барои пешгирии пайдошавии ҳуҷайраҳои бемории саратон.

3. Чойи кабуд кафолати ҷавонии организм аст.

4. Агар фарбеҳ шудан нахоҳед, чойи кабуд нўшед! Чойи кабуд мубодилаи моддаҳоро дар организми инсон ба танзим медарорад.

5. Чойи кабуд ба системаи асаб таъсири мусбат мерасонад.

6. Танин, ки дар таркиби чой мавҷуд аст, кори майнаи сари инсонро беҳтар намуда, хотира ва қобилияти фикррониро мустаҳкам мекунад.

7. Дар таркиби чойи кабуд нисбат ба чойи сиёҳ миқдори витаминҳо даҳ маротиба бештар аст. Махсусан дар таркиби он витаминҳои гурўҳи В зиёданд.

8. Чой дар таркиби хуни одам миқдори холестеринҳои зарарнокро коҳиш медиҳад.

9. Чойи кабуд яке аз воситаҳои санҷидашуда бар зидди ожангҳо ва пирист.

10. Чойи кабуд барои чашмон низ фоидаовар аст. Компресс бо чойи кабуд чашмонро аз мондашавӣ ҳифз карда, ба он зебоӣ, солимӣ мебахшад.

                                  Таҳияи АЗИЗ
Добавить комментарий