Бойгонӣ
Июль 2025 (6)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)

БОХТАР: ФОИЗИ БАЛАНДИ ОВОЗДИҲӢ МУШОҲИДА МЕШАВАД.

-11 октябр- рўзи интихоботи Президент –

То соати 16:00 беш аз 81 фоизи овоздиҳандагон ба қитъаҳои овоздиҳӣ омада дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд. Дар ин бора Зоиршо Холов, котиби ҳавзаи интихоботии Бохтар - 44 иттилоъ дод.

- Дар тамоми 41 участкаҳои интихоботӣ фоизи баланди иштирок дар интихобот ба қайд расид. То ин соат 40927 овоздиҳанда ба участкаҳои интихоботӣ омада, барои номзади арзандаи худ овоз доданд. Рўҳияи баланди идона дар тамоми шаҳр эҳсос мешавад, фаъолияти хуби сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандиро аз ҷониби мардум таъкид карданиям, - афзуд Зоиршо Холов. 

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин дар участкаи интихоботии №5 овоз доданд.


Дар ҳамин ҳол шумораи интихобкунандагон дар вилоят як миллиону 717 ҳазору 489 нафар ҳисоб шудааст, ки аз ин 31674 нафарро ҷавонон ташкил дода бори аввал овоз медиҳанд. Дар тамоми қитъаҳои овоздиҳӣ чораҳои пешгириву беҳдоштӣ ташкил карда шуда, он аз ҷониби аъзои қитъа ва мардум ба пуррагӣ риоя мешаванд. 

Барои инъикоси васеъи раванди интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 92 хабарнигор сабти ном шуда,  ҳамчунин қариб ба 5,5 ҳазор мушоҳидони миллӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ ин равандро ба мушоҳида гирифтаанд. 

То айни вақт ягон ҳолати вайрон кардани тартибот ва ё раванди интихобот ба мушоҳида нарасида, онро мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ шаффофу демократӣ арзёбӣ мекунанд. 

                                               А. ФАЙЗАЛӢ 

 

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД