Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЧАПЛИН: "ДАРСЕ, КИ АЗ ПАДАР ГИРИФТАМ"
Вақте ки наврас будам, як бегоҳӣ ҳамроҳи падарам ба театр рафтем. Дар навбат барои билет харидан пеш аз мо як хонаводаи серфарзанд - падару модар ва шаш кӯдаки аз 12 - сола пойин истода буданд. Онҳо дасти ҳамдигарро гирифта, пушти падару модарашон қарор доштанд ва байни ҳам бо ҳаяҷон дар бораи саҳнаҳое, ки бояд доир шаванд, гап мезаданд. Ҳарчанд либосашон куҳна бошад ҳам, вале тозаю озода буд.
Вақте ки навбаташон расид, падари хонавода гуфт:
- Лутфан, ду билет барои калонсолон ва шаш билет барои кӯдакон диҳед.
Билетфурӯш баъди андаке сарашро боло карда гуфт:
- 20 доллар.
Ногаҳон чеҳраи мард тағйир ёфт ва маъюсона ба ҳамсараш нигоҳ кард. Маълум буд, ки ӯ пули кофӣ надошт ва намедонист, ки чи кор кунад ва ба кӯдаконаш, ки дер боз мунтазири ворид шудан ба толор буданд, чи гӯяд.
Ин вақт падарам аз кисааш як 20 - доллараро берун оварда, онро ба замин партофт, сипас, хам шуда пулро гирифту ба китфи он мард даст расонда гуфт:
- Бубахшед ҷаноб, пулатон афтидааст. Мард, ки дарҳол лутфи падарамро дарк кард, ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва маънидорона ташаккур гуфт. Он лаҳза барои он ки назди фарзандонаш хиҷолат нашавад ва онҳоро ноумед накунад, кумаки падарамро қабул намуд.
Баъд аз он ки онҳо билет гирифтанд, ману падарам оҳиста аз саф ҷудо шудем ва ба хона баргаштем. Аз ҳамон вақт ман бо доштани чунин падар ифтихор мекардам. Он бегоҳ ман барои худ як дарси бузург гирифтам.
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



