ДАР САМАРҚАНД АЗ ЛОИҚ ҚАДР КАРДАНД
Озмуни Лоиқхонӣ дар Самарқанд 240 дўстдори абёти ин шоири шаҳирро гирди ҳам овард. Дар ин бораи саҳифаи фейсбукии «Овози Самарқанд» хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, озмун бахшида ба зодрӯзи шоири ширинбаёни зиндаёд Лоиқ Шералӣ бо ташаббуси шӯъбаи ҳудудии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд барои дар байни аҳолии гуногунмиллати мамлакат тарғиб намудани дӯстии адабиётҳо, таҳаммулпазирии миллӣ эълон гардида буд.
- Новобаста аз синну сол ва касбу кор инсонҳои худшиноси зиёде аз ашъори шоир намунаҳо қироат карданду занги дил шустанд ва ба дилҳои дигарон раҳ ёфтанд. Ба ҳамаи иштирокдорон ташаккур мегўем. Баҳогузориро тариқи овозди ҳии онлайни аъзои гуруҳи фейсбукии «Овози Самарқанд» ба роҳ мондем. Ҳарчанд дар озмун намояндагони сину соли гуногун иштирок карданд, аммо омӯзгорону донишҷӯён ва иштирокдорони калонсол изҳор намуданд, ки онҳо барои тӯҳфа ва ҷой не, барои ҳавасманд кардани шогирдон дар озмун иштирок доштанд ва хоҳиш карданд, ки ҷойҳо танҳо ба наврасон – шогирдони мактабҳои миёна дода шавад. Бояд иқрор шуд, истеъдодҳои зиёде кашф гардид.
Ҳамин тариқ ғолиби озмун миёни синф ҳои 1- 4 бо 343 хол Шукрона Ҳамидова Донишомӯзи синфи 3-юми мактаби рақами 17-уми ноҳияи Самарқанд дониста шуда, ҷойи дуюм бо 296 хол ба хонандаи синфи 1-уми мактаби рақами 1-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Моҳитобон Ҳаётҷонова ва 223 овоз ба хонандаи синфи 2-юми мактаби рақами 80-уми ноҳияи Сариосиё Афзуна Ашрафова сазовор дониста шуд. Ҷойи сеюмро хонандагони синфи 2-юми мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сариосиё Муноҷот Сайфуллоева ва синфи 3-юми мактаби рақами 38-уми ноҳияи Сариосиё Нисо Музаффарова бо ҳам тақсим намуданд.
Миёни хонандагонисинф ҳои 5-11 бошад бо 403 овоз Рухшона Орзуқулова хонандаи синфи 7-уми мактаби рақами 37-уми ноҳияи Самарқанд сазовори ҷойи якум дониста шуд. Ҷойи дуюум насиби Лоиқ Ҳамидзода хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 17-уми ноҳияи Самарқанд ва ҷойи сеюм насиби Ҳадиса Алимаматова Донишомӯзи синфи 9-уми мактаби рақами 17-уми шаҳри Ангрен гардидааст.
Ба ғолибони озмун туҳфаҳои сазовор, аз қабили “ИФТИХОРНОМА”, телефони дастии арзишманд, китобҳои шоир (“101 ғазали Лоиқ Шералӣ”, “Армуғони Лоиқ”, “Онагинам” («Модарнома» тарҷумаи шеърҳои устод Лоиқ бо забони ӯзбекӣ) ва расми бузургҳаҷми Лоиқ Шералӣ тақдим гардида, ҳамаи 240 нафар иштирокдорони озмун соҳиби китоби “Армуғони Лоиқ” шуданд.
А. ФАЙЗАЛӢ