Бойгонӣ
Июль 2025 (6)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)

НОСИРИ ХУСРАВ: 18 чоҳи амудӣ сохта шуд.


Дар ноҳияи Носири Хусрав зиёда аз як километр роҳро сангфарш карда, тавассути 18 чоҳи амудӣ сокинони ду ҷамоати деҳотро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намуданд. Дар ин бора Азимзода Машҳура, муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав хабар дод. 

Дар доираи истиқболи арзанда аз ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав бунёдкориҳо бомаром идома дорад. Сокинони Ҷамоати деҳоти Фирўза дар маҳаллаи «Рўзиобод» бо дастгирии мақомот ва ҳамкорӣ бо идораи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард зиёда аз 1 километр роҳро сангфарш намуданд. Роҳи ин деҳа бо иқдоми сокинони ватандўсташ обод гардида, дар моҳҳои наздик ин роҳ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав, соҳибкорони бонангу номуси диёр мумфарш хоҳад шуд.

Дар баробари вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, таъмиру азнавсозӣ ва сангфаршу мумфарш кардани роҳхои маҳал бо иқдоми мақомот дар деҳаи «Рўзиобод» хатҳои обгузар гузаронида, 22 оилаи ин деҳаро бо оби тозаи ошомидании «Чилучорчашма» таъмин карданд.

Тавре Азимзода Машҳура, муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав иброз дошт дар ҷамоатҳои деҳоти «Фирўза» ва «Наврўз» бо иқдоми мақомоти маҳал ва ҷалби лоиҳаи маблағгузор, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чуқурии 50 – 80 метр тавассути кандани 18 чоҳи амудӣ об бароварда шуд ва беш аз 20 ҳазор сокинони деҳоти номбурдаро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карданд.

-Амалигардонии иқдомҳои созанда, бунёдкориҳо дар доираи истиқболи арзанда аз 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав вусъати тоза ёфта, сокинони маҳал, соҳибкорони ватанӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии комил менамоянд,- зикр намуд М. Азимзода.

                                       Ш. ОДИНАЗОД
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД