Бойгонӣ

РОҲИ ЗАҒЕРТУТ АЗНАВСОЗӢ ШУД


Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ дар маросими ифтитоҳи роҳи мошингарди деҳаи Зағертути Ҷамоати деҳоти Ваҳдат иштирок намуданд. Маврид ба зикр аст, ки таҷдиду азнавсозии роҳи автомобилгарди деҳаи Зағертути Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, ки зиёда аз 11 км-ро ташкил медиҳад, аз тарафи соҳибкорони ватанӣ - оилаи Соҳибовҳо анҷом дода шудааст. Дар бунёди роҳ соҳибкорон 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ хароҷот намудаанд. Дар ин кор 7 адад техникаҳои муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант сафарбар гардида, 5 қубур ва 1 пул дар ин роҳ азнавсозӣ гардидааст. Сохтмони роҳ 1-уми июли соли 2020 оғоз гардида, 1-уми октябри соли ҷорӣ ба анҷом расид.

 Тазаккур бояд дод, ки роҳи автомобилгарди деҳаи Зағертути Ҷамоати деҳоти Ваҳдат солҳои зиёд вайрону валангор буд ва сокинон барои рафту омад ба маркази шаҳр дар фаслҳои тирамоҳу зимистон танқиси мекашиданд. Инак, бо фароҳам омадани шароит ва таҷдиду сохтмони роҳи мазкур мушкили чандсолаи сокинони деҳаи мазкур ҳали худро ёфт. 

Раиси вилоят ба соҳибкорони ватанӣ - оилаи Соҳибовҳо барои ин амали хайру савобашон изҳори сипос намуданд. Соҳибкорон дар навбати худ иброз доштанд, ки ин охири кор набуда, ҳамеша дар роҳи гулгулшукуфоӣ ва сохтмон иншоотҳои таъиноташон гуногун бар нафъи халқу давлат камари ҳиммат мебанданд.

                                         Ш. САИДОВ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019