Бойгонӣ
Июль 2025 (6)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
08 окт 15:53АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат

Интихобот. Ҳавза ва участкаҳо омода мебошанд


Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ ва озоду шаффоф гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хуросон ва Кӯшониён чун дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои омодагӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудаанд.

Бино ба иттилои раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Хуросон №53 Дӯстмурод Раҷабов дар ҳудуди ҳавза 33 участкаи интихоботӣ ташкил карда шуда, 231 нафар аъзоёни комиссия низ муайян гардидаанд. Шумораи интихобкунандагон 65 ҳазору 856 нафарро дар бар гирифта, интихобкунандагоне, ки бори аввал овоз медиҳанд 1094 нафар мебошанд. Шиору овезаҳои муайянкунандаи номи ҳавза, участка, гӯшаҳои иттилоотӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ дар ҳама участкаҳои интихоботӣ насб гардидааст. Тамоми маводҳои иттилоотӣ, дастурамалҳо оид ба тартиби гузаронидани интихобот аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми участкаҳо дастрас шудааст. Участкаҳои интихоботӣ вобаста ба ҷойи зист ташкил шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия низ бо шароиту имкониятҳои зарурӣ таъмин гардидаанд.

Ҳамчунин баҳри ҷилавгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар тамоми участкаҳои интихоботӣ маводҳои антисептикӣ васеъ истифода бурда мешаванд.

Дар ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №50 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омодагӣ ба ин маъракаи муҳим дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №50 Иброҳим Абдуллоев зимни суҳбат иброз дошт, ки дар ҳавза 68 участкаи овоздиҳӣ аз ҷумла ду участкаи пӯшида омода буда, фаъолияти аъзоёни комиссия тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда шудааст. Шумораи овоздиҳандагон 126 ҳазору 67 нафарро дарбар гирифта аз ин шумора 2 ҳазору 848 нафараш бори аввал овоз медиҳанд. Кабинаҳои овоздиҳӣ, хонаи модару кӯдак ва ҳуҷраи табибон низ бо тамоми шароитҳо муҳайё карда шудаанд.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки мо тамоми саъю талоши хешро баҳри он равона месозем, ки раванди омодагӣ ва баргузории интихобот бо риояи талаботи қонунгузорӣ дар фазои озоду шаффоф доир шуда, ҳуқуқи интихобкунандагон халалдор нагардад.

                                              Сулаймон Султонов

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД