Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАХУСТИН КОРХОНА ДАР МОИ “КӮЛОБ”

Бо ибтикори соҳибкори ватанӣ, роҳбари ҶДММ “Тоҷик Алмос” Хайриддин Бобоев дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” нахустин субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд.
Тавре сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, оид ба пешбурди фаъолият дар МОИ “Кӯлоб” бо ҶДММ “Тоҷик Алмос” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Масъулини ҶДММ “Тоҷик Алмос” нақша доранд дар давоми 1,5 соли оянда дар онҷо корхонаи истеҳсоли қисмҳои мошинро бунёд намоянд. Сохтмони корхона дар майдони 1 гектар замин ба нақша гирифта шуда, он бо харҷи беш аз 1,5 миллион сомонӣ сохта мешавад. Дар марҳилаи аввал масъулини корхона ният доранд истеҳсоли ҳавотозакунакҳои (филтерҳои) намудҳои гуногун (ҳавоӣ ва равғанӣ) – ро барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба роҳ монанд.
Баъди бунёд шудани корхона 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” соли 2019 дар майдони 309 гектар ба қайд гирифта шуда, соли 2020 ба фаъолият оғоз намуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


