Бойгонӣ

ТОҶИКИСТОН-ХОНАИ ОБОДИ МАН

Озмун


Дар арафаи ҷашни Истиқлоли кишвар озмуни «Тоҷикистон хонаи умеди мо», ки аз ҷониби нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон эълон гардида буд, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара ҷамъбаст гардид. Дар ҷамъбасти озмун раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, мушовири ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Хайриддин, сармуҳаррири нашрияи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода, адибони шинохтаи ҷумҳурӣ, иштирокчиёни фаъоли озмуни аз манотиқи гуногуни кишвар ширкат намуданд.


Меҳмонон қабл аз оғози чорабинӣ аз намоиши дастовардҳои нашрияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.

Зимни баромад Қурбон Ҳакимзода меҳмононро ба сарзамини бостонии Хатлон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии эҷодии «Тоҷикистон хонаи умеди мо» ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ далели равшани миллати фарҳангӣ ва дорои зеҳнияти баланд будани мост.


Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкурро Қурбон Ҳакимзода ташвиқи аҳли адаб, ба офаридани асарҳои тоза дар васфи Ватан ва инчунин эҳтирому арҷгузорӣ ба нақшу мавқеи сазовори матбуоти даврӣ ва аҳли қалам арзёбӣ намуд.

Раиси вилоят изҳори умеду боварӣ намуд, ки қаламкашон минбаъд низ донишу малака ва қобилияти эҷодии худро ба сўи ҳадафҳои неку созанда равона карда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, таҳкими сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳамагуна зуҳуроти нангини ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.

Зикр гардид, ки озмун дар ду бахш-назм ва публитсистика ҷараён дошт ва дар ин давра ба озмун 300 матолиби гуногун ворид шудааст.

Дар бахши назм Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло сазовори ҷойи якум, ҷойи дуюмро шоирон Амиршоҳи Хатлонӣ ва Ворис, ҷойи сеюмро Фарзон Назрӣ сазовор гардиданд. Дар бахши публитсистика мақоми аввалро Абдулҳамид Самад-Нависандаи халқии Тоҷикистон касб намуд. Академик Юсуфшо Яъқубшо ва Нуралӣ Нурзод ба гирифтани ҷойи дуюм сазовар гаштанд. Раҳмони Гулзор, қаламкаши нашрияи «Ҷумҳурият» сазовори ҷойи сеюм дониста шуд.

Инчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои нашрияи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, Шарофат Отаева, сармуҳаррири маҷаллаи «Меҳровар» барои иштироки фаъолона дар озмун бо туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ гардид.

                                                                            «САФО»

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019