АНОРБОҒҲОИ ДӮСТӢ

    Анорпарварӣ шуғли асосии сокинони ноҳияи Дӯстӣ мебошад. Зеро обу хок ва боду ҳавои ин мавзеъ ба нашъунамои ниҳолони анор хеле мувофиқ буда, ҳосили хуб ба бор меоранд. Боғдорони ноҳия низ дар ин самт таҷрибаи бисёрсола дошта, дар майдонҳои васеъ асосан навъи зимистонаи анорро парвариш мекунанд, ки аз маҳсули дасти онҳо сокинони аксари шаҳру навоҳии мамлакат баҳравар мегарданд. Феълан дар ноҳияи Дӯстӣ 108 хоҷагӣ  ба анорпарварӣ  машғул аст.

Ҳоло мавсими ҷамъоварии ҳосили пухтарасидаи анор аст. Ин шабу рӯз боғдорон самари боранҷ парвардаи худро  ғундошта, дар таъмини фаровонии дастархони мардум саҳм гузошта истодаанд. Дар урфурият анорро «шоҳи меваҳо» мегӯянд ва онро одатан ҳамроҳ бо дигар намуди меваҷот рӯи хон мегузоранд. Ин аст, ки қимати анор дар бозор ҳамеша устувор буда, талабгоронаш дар ҳама фасли сол зиёд аст.  

Расул Расулов яке аз роҳбарони  хоҷагии анорпарвар дар ноҳияи Дӯстӣ мебошад, ки пайваста ба боғдорӣ машғул буда, таҷрибаи кофии анорпарварӣ дорад. Ӯ мегуяд, ки нигоҳубини ниҳолони анор аз ҳар меваи дигар дида  заҳмати зиёд мехоҳад.

- Дар 70 сотих замин анорбоғ бунёд намудаем. Навъи зимистонаи ин меваро парвариш мекунем. Чор фасли сол ҳамроҳи саҳмдорон дар боғ заҳмат мекашем. Кор аз моҳи декабр оғоз меёбад. Зери дарахтон яхоб мемонем. Байни қаторҳоро ҷуфт ва ҳамвор мекунем. Боғро аз алафҳои бегона тоза карда, сипас ба зидди ҳашароти зараррасон коркарди кимиёвӣ мегузаронем. Якчанд марҳилаи ғизодии ниҳолонро паси сар намуда, сипас, охири моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр ба ҷамъоварии ҳосил шуруъ мекунем, - мегӯяд Расул Расулов, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Сардор»-и ноҳияи Дӯстӣ.

Дар идома суҳбат боғбони ҷавон аз ҳосили фаровони имсола мужда дода, афзуд, ки  ниҳолҳои анор назар ба соли гузашта меваҳои бештар бастаанд. Ҳамчунин ӯ аз ҳаҷми калони анорҳои боғаш ва сифати хуби онҳо ситоиш карда, гуфт, ки алакай меваҳои 500-800 грамма ба даст овардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2014 дар натиҷаи аз ҳад сард омадани фасли зимистон тамоми анорбоғҳои ноҳияи Дӯстиро сармо зад. Ба гуфтаи Раҳим Бабаев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия он вақт аз боғот асаре намонда буд. Вале кишоварони асил боз ҳам заҳмати зиёд кашида, дубора анорбоғ бунёд карданд. 

Боғдорони ноҳия аз азал таҷрибаи бойи анорпарварӣ доранд. Онҳо ин пешаро аз гузаштагони худ насл ба насл омӯхта, имрӯз ҳам сайқал медиҳанд.

- Парвариши анор мисли дигар зироатҳои кишварзӣ технологияи худро дорад. Аммо усули он, чизи нест, ки сирре дошта бошад. Дар ин кор танҳо меҳнат кардан лозим ва ба муҳлату қоидаҳои ғизодиҳӣ риоя бояд кард, - ишора намуд Р. Бабаев, роҳбари кишоварзони ноҳия. 

Тибқи иттилоъ аз майдони умумии боғот, ки дар маҷмӯъ 1334 гектарро ташкил медиҳад, дар 908 гектари он танҳо анор парвариш карда мешавад. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ аз ҳар гектари боғ аз 80 то 120 сентнер ҳосил рӯёнида шуда, самараи ҳарсолаи анор дар ноҳия бошад, беш аз 15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар баробари таъмини фаровонии бозори истеъмолии мамлакат ҳаҷми муайяни мева ба хориҷи кишвар, асосан ба Россия ва Қазоқистон содирот карда мешавад.

Тазаккур бояд дод, ки дар самти анорпарварӣ дар вилояти Хатлон ба боғдорони ноҳияи Дӯстӣ ба ҷуз аз кишоварзони Қубодиён дигар навоҳӣ рақобапазир буда наметавонад. Ин баҳои мусбии аксари коршиносони соҳа мебошад.

                                                          

Амонҷон МАҲКАМОВ

ноҳияи Дӯстӣ
Добавить комментарий