12 авг 14:33АСОСӢ / Ахбор / Маориф

БУНЁДИ СЕ МАКТАБ АЗ ҲИСОБИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТ

Барои сохтмони се муассисаи таълимӣ ва як бинои иловагӣ аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон дар соли ҷорӣ 12,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Аллакай аз маблағи ҷудогардида 10,5 миллион сомониаш дар корҳои сохтмонии иншооти болозикр харҷ шудаанд.

Бино ба иттилои сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдуллозода Абдувоҳид сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Ҷайҳун барои 624 хонанда дар як баст, дар ноҳияи Кӯшониён барои 320 хонанда дар як баст ва дар ноҳияи Хуросон барои 240 хонанда дар як баст идома доранд. Инчунин корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии назди муассисаи таълимии №36 – и ноҳияи Панҷ аз ҳисоби буҷети вилоят амалӣ хоҳад шуд.

Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳамзамон аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ, Маркази вилоятии ташхиси қалб дар шаҳри Бохтар, беморхонаи зидди касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара ва сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳияи Кӯшониён идома доранд.

                                                 Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий