Бойгонӣ

50 ДУКОНИ РӮЗНОМАФУРӮШӢ ФАЪОЛ МЕШАВАНД


То охири соли 2020, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, зиёда аз 50 дукони фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо ба фаъолият оғоз мекунанд.

Тавре директори КФ КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон Сайдалӣ Мирзоев иттилоъ дод, аллакай ба унвонии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода перомуни ин масъала мактуб ирсол гардидааст.

Раиси вилоят ин иқдомро дастгирӣ намуда, ба роҳбарони мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои роҳандозӣ кардани ин ташаббус супориш додааст, - гуфт С. Мирзоев.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки дар назди биноҳои баландошёнаи маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар низ ин гуна дуконҳо ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.

Ин гуна иқдом имкон медиҳад, ки хонандагон бештар ба рӯзномаву маҷаллаҳо обуна шуда, барои худ ғизои маънавӣ бигиранд.

                                                          Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019