МУОВИНИ САРВАЗИР АЗ ХАТЛОН ДИДАН КАРД


Барои пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) муовини Сарвазири мамлакат ва ҳамзамон муовини Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) Ширин Исматуллозода ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Дар натиҷаи сафари кории худ Ширин Исматуллозода аз муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ ва корхонаҳои дўзандагии вилояти Хатлон дидан намуда, бо масъулин мулоқот намуд. Ҳамчунин муовини Сарвазир аз фабрикаи ресандагии ҶСШК “Ресанда”, ки ба дўхтани ниқобҳои тиббӣ, либосҳои муҳофизатии тиббӣ ва либосҳои мактабӣ машғул аст дидан намуда, ба фаъолияти корхона баҳои баланд дод.

Баъд аз боздиду шиносоӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дар театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини ниҳодҳои дахлдори вилоят Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҷаласа оид ба тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, корҳои оммафаҳмонӣ миёни аҳолӣ, бештар анҷом додани корҳои безараргардонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозорҳо, муассисаҳои таълимӣ, боғҳо ва фаъолтар будани муассисаҳои КАТС ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

                                                 Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий